Ғояҳои ташаккули ҷавонон

0
410

ҒОЯ ﻏﺎﯾﻪ

  1. мақсади ниҳоӣ ва асосӣ аз кардани коре; мурод, ормон
  2. фалс. шакли ҷаҳонфаҳмӣ ва ҷаҳонбинии инсонҳо; ақида, фикр
  3. адш. мақсади асосии ягон асар, ки мундариҷаи онро муайян мекунад;

ТАШАККУЛ ﺗﺸﮑّﻞ – а. шакл пайдо кардан ё ба як шакл даромадани чизе

ТАШАККУЛЁБӢ ﺗﺸﮑّﻞﯾﺎﺑﯽ – рушд, инкишофёбӣ

Ҷавонӣ ; дараи муайяни умр, ки мувофиқи қонунгузории ҶТ аз 14 то 30 солагиро дар бар мегирад.

Барои ташаккулёбии ҷавонон зарур аст:

Омӯзиш – ёд гирифтан, таълим гирифтан (чизеро аз касе) – ҷавонон бояд ҳарчи бештар илмҳои замонавиро аз худ намоянд. зеро омӯзиш метавонад инсониятро ба соҳили орзуҳояш бирасонад.

Таҷриба – озмоиш, санҷиш; озмуда дидани коре; амал; таҷриба доштан корозмуда будан; таҷриба кардан озмудан, санҷидан, озмуда дидан; таҷриба ҳосил (пайдо) кардан, маҳорат пайдо кардан, кордида ва корозмуда шуда ( дар соҳае ) – таҷриба ва омӯзиш ба ҳамдигар сахт алоқаманд буда, ҳарду дар якҷоягӣ метавонанд ҳамаҷиҳата инсониятро ташаккул диҳанд.

Таъсис намудани марказҳои рушди соҳаи волонтёрӣ дар қаламрави мамлакат ва аз рӯи шавқу рағбат тақсим намудани ҷавонон. Равон намудани ҷавонон аз рӯи шавқу рағбат ба соҳаи ба худашон мувофиқ дар соҳаи волонтёрӣ боис мегардад, ки ҷавонон то ба соҳиби вазифа шуданашон аллакай соҳиби таҷрибаи корӣ бошанд ва вазифаи худро дар сатҳи олӣ ба анҷом расонанд.

Волонтёрӣ – волонтёр – шахси воқеие, ки ихтиёран ва бо интихоби озод вақт, кор ва малакаи худро бемузд ва ё бе ҷуброни хароҷот бевосита ва ё ба воситаи ташкилотҳои ҷалбкунанда ба манфиати ҷомеа пешниҳод менамояд;

Фаъолияти волонтёрӣ – фаъолияте , ки дар шакли кор ва хизматрасонӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур дар самти беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавии давлат ва ҷомеа ба амал бароварда мешавад;

Сайёҳӣ – Сайёҳӣ яке аз омилҳои муҳимтарине, ки метавонад ҷахонбинии ҷавононро рушду нумуъ дода, имконият диҳад, ки фарҳанги миллиро аз фархангҳои бегона фарқ карда ва бартарияти онҳоро аз ҳамдигарашон пайдо намоянд.

Сайри кӯҳсор ва гузаронидани тренингҳо ва баҳсҳои ҷолиб дар кӯҳсор. (мисол: манзараҳои зебои дараи Искандаркул)

­Ташкил намудани ­конфренсияхои илмӣ – боиси он хохад шуд ки чавонон донишу малакаи зиёд ва дустиву рафокатро дар чомеа ва дар каламрави кишвар баланд бардоранд.

 Худшиносии миллӣ боис мегардад то ҷавонон ба арзишҳои миллӣ арҷ гузоранд ва фарҳанги миллии худро нигоҳ дошта муаррифгари фарҳанги миллӣ дар байни давлатҳои ҷаҳон гарданд.

Бояд барои ҷавонон манбаъҳое бошад, ки онҳо ҳамавақт аз баргузории семинарҳо, тренингҳо, конфронсҳо ва чорабиниҳои илмиву тарбиявӣ хабардор шуда, дар онҳо иштирок намуда, сатҳи донишу ҷаҳонбинии худро баланд бардоранд.

Намоиши театрҳо: театр низ дорои хусусияти маънавӣ ва ахлоқие мебошад, ки баҳри баланд бардоштани ҳаёти маънавию ахлокӣ ва дар руҳияи ватандустӣ ва урфу одатҳои миллӣ ҷавононро тарбия хохад кард.

Фаъолгардонии ҷавонон дар сомонаҳои иҷтимоӣ боис мешавад, ки ҷавонон ҳарчи бештар аз пешравиҳои ҷаҳон бохабар гардида аз паи илму маърифат шуда, ҳарчи бештар саҳми худро дар пешравии ҷомеаи имрӯза гузоранд.

Барои расидан ба ҳаммаи мақсадҳои болозикр ҷавонон бояд вақти пурқиммати худро сарфакорона истифода баранд ва набояд як дақиқаи вақти худро беҳуда сарф намоянд.

Вохӯрӣ бо муттахассисини ботаҷриба ва муваффақи соҳаҳои гуногун. Ин вохӯриҳо метавонад тафаккури ҷавононро ташаккул диҳанд ва ҳамзамон ҷавонон нафарони муваффақро ҳамчун идеал барои худ қабул мекунанд ва мекӯшанд, то ки онҳо низ ботаҷриба ва муваффақ шаванд.

Муаллиф:        Муҳаммадӣ Саидшоев

Шаҳри Хуҷанд

Донишҷӯи бахши 4–уми ДДХ

ба номи академик Б.Ғафуров,

факултаи “Физика ва техника”

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here