Ҷавонон насли ояндаи Ватани мо мебошанд, барои он, ки ҷавонон рушд ёбанд ва дар ҷомеа фаъол бошанд, пеш аз ҳама онҳоро бояд оиди чорабиниҳои гуногун огоҳ намуд ва барои онҳо тренингҳо ва тренингҳо барои тренерон оиди баланд бардоштани потенсиал, интегратсия, васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои ҷавонон ва махсусан ҷавонони маъюбиятдошта гузаронд, ҳамчунин бояд худи ҷавонон хоҳиш дошта бошанд, ки дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, варзишӣ ва фарҳангии ҷомеа иштирок намоянд ва фаъол, хушбин ва мусбат бошанд, то ки дар оянда саҳми худро барои рушду нумуӣ кишварамон гузоранд.

Барои он, ки ҷавонон ва ҷавонони маъюбиятдошта босамар инкишоф ёбанд ва ғояву ақидаҳо, орзуву ормони худро дар ҳаёт амалӣ созанд ва фаъол бошанд ба онҳо мусоидати Давлат, Ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар фаъолони ҷомеа лозим аст. Ташкил намудани чорабиниҳо, курсҳо ва клубҳои гуногун, ба монанди экскурсия дар осорхонаҳо, экскурсия дар мақомотҳои давлатӣ, курсҳои англисӣ ва русӣ, курсҳо оид ба дебатҳо, ташкили лагерҳо бо барномаҳои интеллектуалӣ, ташкили викторинаҳо, барномаҳои ток-шоу, коромӯзӣ дар соҳаи фаъолият ва ташкили равишҳои касбӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва интеллектуалӣ ва ғайраҳо хело фоидаовар ва босамар мебошанд.

Ҳамаи чорабиниҳои дар боло овардашуда барои беҳтаргардонӣ ва инкишофи малака ва маҳоратҳои худ имконият медиҳанд, то ки ҷавонон саҳми худро гузоранд ва дар оянда барои худ кори хуб ёбад ва ба таври муносиб ба кор таъмин шаванд.

Ман бо кӯмаки Дилрабо Самадова ман хостам ташкилоте таъсис диҳам, ки бо масъалаҳои маъюбият фаъолият мебарад. Бо ин мақсад ба тадқиқи ташкилотҳои ҷамъиятие, ки бо шахсони дорои маъюбият кор мекунанд, оғоз намудам. Дар рафти омӯзиши чунин ташкилотҳо ман бо фаъолони дорои маъюбият ба монанди Рамзиддин Ҷураев, Ҷалилов Абдусаттор ва Салимов Акрам вохурдам ва бо онҳо шиносоӣ пайдо намудам. Баъди он, ки онҳо аз маҳорати ман оиди кор бо компютер бохабар гардиданд, онҳо ба ман пешниҳод намуданд, ки дар Ташкилоти байналхалқии “Хендикап Интернешинал” ба сифати ассистент ба кор дароям ва дар байни Ҷамъияти нобиноён ва “Хендикап Интернешинал” як пайвандгари фаъолиятҳо бошам. Дар ин давра бо шарофати шахси бисёр хуб Марҳабо Иброҳимова директори Филиали “Хендикап Интернешинал” дар шаҳри Хуҷанд, бисёр чизҳоро оид ба фаъолияти ташкилотҳои бо шахсони маъюбиятдошта кор мекарда, омӯхтам ва дар давоми як сол дар тренингҳо гуногун, тренинг барои тренерон, вохурӣ ва семинарҳо иштирок намуда, худ якчанд маротиба вохурӣ ва тренигҳо гузаронида, дар соҳаи кор бо шахсони маъюб таҷрибаи хуб пайдо намудам.

Ҳамчунин дар озмунҳои гуногун иштирок намуда, аз ҷониби Ташкилоти Байналхалқии Japan International Corporation Agency доир ба мавзӯи интегратсия, васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои шахсони дорои маъюбият ба Ҷопон ташриф овардам. Баъди таҳсил дар Урдун дар German – Jordanian University дар соҳаи Ҳаракат, Муошират ва Ҷойивазкунӣ барои шахсоне маъбияти биноидошта тренер гардидам, ҳамчунин дорои дигар дастовардҳо мебошам. Ман дар филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳоди Миллии Нобиноёни Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд ба сифати ҳамоҳангсози лоиҳаи “Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шахсони маъюбияти биноидошта” кор кардам. Санаи 4 августи соли 2017 мо ҷавонони фаъоли дорои маъбият ташкилотеро бо номи Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони маъюбиятдошта “Дурнамо” таъсис додем. Дурнамо маънои ояндабиниро дорад ва дар айни замон ташкилоти мо бомуваффақият фаъолияти худро дар соҳаи фаъол намудани ҷавонони дорои маъюбият ва ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони маъюбиятдошта бурда истодааст.

Ҳамчунин ман Ҳуқуқшинос, дорои Дипломи маълумоти олӣ мебошам, соли 2016 Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи Давлатии Тиҷоратии Тоҷикистонро хатм намудам ва дар айни замон роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони маъюбиятдошта “Дурнамо” ва волонтери фаъоли Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар ш. Хуҷанд мебошам. Бо шарофати ин ташкилот ва маркази “Рушди ҷавонон”, ки дар назди ин ташкилот амал мекунад, ман метавонам озодона дар чорабиниҳои гуногун иштирок намоям ва ба ташкилкунандагон барои ташкили шароитҳои мусоид барои шахсони дорои маъюбият сипосгузор мебошам. Бо шарофати маводҳои дастрас, маводҳо бо ҳарфҳои калон, ман тавонистам дар бозиии кории мурофиаи судӣ иштирок намуда, сазовори ҷои дуюм ва Диплом гардам.

Дар айни замон дар Тоҷикистон ягона ҷое, ки дар он нобиноён ва шахсони маъбияти биноидошта ҷои кор ёфта метавонанд, Ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ташкилоти мазкур мероси Иттифоқи Шӯравӣ мебошад, ки дар корхонаҳои худ аъзоёни ташкилотро бо кор таъмин мекунад ва он асосан истисноӣ буда, ҳама ҷиҳата фарогир намебошад. Аъзоёни ҷамъияти маъбон дар фабрика, мактабҳо ва кӯдакистонҳои худ пинҳон карда шудаанд, ки ин ҳолат онҳоро боз ҳам аз ҷамъият ҷудо ва бештар канормонда мегардонад.

Имрӯзҳо Тоҷикистон дар роҳи инкишоф қарор дорад ва хело хуб мешуд, ки агар корфармоён оиди бо ҷои кории муносиб таъмин намудани шахсони дорои маъюбияти биноидошта дар баробари дигар маъюбон, фикр мекарданд. Бояд қайд намуд, ки шароити кор ҳам бо кӯмаки воситаҳои импровизиатсионӣ, ҳамчунин бо истифодаи технологияҳои замонавӣ ба роҳ монда шавад. Ҳамин тавр, бояд дараҷаи огоҳии ҷомеа оиди имкониятҳои баробар, ҳуқуқ ва имкониятҳои шахсони дорои маъюбият баланд бардошта шаванд.  Дар шуури аҳли ҷомеа, инчунин шахсони дорои маъюбият бояд оиди моделҳои иҷтимоӣ маъюбият, фарогирӣ ва фаъолгардонӣ дигаргуниҳо ба амал оянд. Яке аз ҷабҳаҳои консептсияи консептуалии ҳимояи ҳуқуқи инсон таҳсилоти фарогир мебошад, ки мақсади он фарогирифтани ҳамаи кӯдакон ба таҳсилоти умумӣ ба муқобили сегрегатсия ва таҳсилоти махсус мебошад.

Нисбат ба шахсони дорои маъюбият сармоягузорӣ накардан, на аз ҷиҳати иқтисодӣ ва на аз ҷиҳатҳои дигар манфиатовар мебошад. Шахсони дорои маъюбият як захираи бузурге мебошанд, ки ба назар нагирифтани онҳо ба иқтисодиёт ва ба тарви умумӣ ба тамоми ҷомеа зарар меоварад.

Шахсони дорои маъюбият пеш аз ҳама бояд ваколатдор бошанд ва ба ҳамаи равандҳои ба онҳо вобаста ҷалб карда шаванд. Шахсони дорои маъюбият дорои қобилиятҳое мебошанд, ки барои умр ба сар бурдани онҳо мусоидат мекунад, онҳо оид ба масъалаҳои маъюбият ва дигар масъалаҳои ба онҳо вобаста буда мутахассис мебошанд ва ба ғайр аз ин онҳо барои рушди кишварҳои худ як потенсиали калон мебошанд.

Муаллиф:  Баротов Шарифҷон

шаҳри Хуҷанд

Ташкилоти ҷамъиятии ҶМ “Дурнамо”

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here