Мушкилотҳои ҷавонон дар ҷомеа ва роҳҳои ҳалли онҳо

0
447

Ҷавонон қисми асосии насли ҷомеаро ташкил дода дар омӯзиши табақаҳои ба воярасида қарор доранд. Онҳо дорои тафакури хуби дарккунӣ мебошанд, ки барои ӯро дар ҷомеа ҳамчун шахсият шинохтан зарур аст. Мақсади асосӣ, ин ташкил додани муҳити хуби иҷтимоию сиёсӣ барои ҷавонон мебошад. Инчунин дар ин самт дастгирии ҷавонон барои ба нақшаҳои молиявӣ ва сиёсӣ ноил шудан мебошад, ки пешрафти ҷомеа низ ба хамин вобаста аст. Танҳо ҷавони бовиҷдон, инсондӯст, бомаърифат, ки тафаккури хуби дарккунӣ дорад метавонад ба ҷомеа фоида биёрад. Мехнатдӯстӣ ва масъулиятшиносӣ дар ҳама намуди фаъолият зарур буда шахсро ба муваффақтарин инсон мубаддал мегардонад.

Бисёр аз ҷавонҳоро мушкилотҳои глобалӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ба ҳолатҳои ногувор гузоштааст. Ҷавонон барои ноил шудан ба нақшаҳои молиявӣ ва ояндаи нек бовариро аз даст додаанд. Аксарияти ҷомеа ҷавон буда нисбат ба шахсони калонсолу ботаҷриба амалкуниро дар чунин ҳолатҳо намедонанд. Фактҳои норасоии молиявӣ, паст шудани сатҳи дониш аз дунболи худ оқибатҳои нохуби дигарро меорад, ба монанди:

  • Гум кардани қобилият
  • Гум шудани боварӣ ба чомеа
  • Нобоварӣ ба давлат
  • Даст кашидан аз таҳсил
  • Даст задан ба ҳуқуқвайронкуниҳо

Набудани кадрҳои босавод бисёртар дар минтақаҳое, ки пешравии хуб надоранд ба назар мерасад. Ҷавононе, ки дар чунин муҳит зиндагӣ мекунанду ба ҳоли худ гузошта мешаванд, имконияти дастрасии молиявӣ надошта аз ноилшудан ба мақсадҳои худ дур мемонанд. Ҷавононе, ки дар чунин ҳолат қарор доранд дар назди худ ягон мақсад гузошта наметавонанд. Бадбахтии бузург интизораст он ҷомеаеро, ки кӯшуши бартараф намудани чунин мушкилотҳоро надошта бошад. Мо бояд ин мушкилотҳоро сарфи назар накунем, чунки ояндаи миллату давлат ҷавонон мебошанд.

Пешниҳодҳо оиди бартараф намудани чунин мушкилотҳо:

  • Ҷалби мутахассисони баланд ихтисос: ба воситаи қадрдонӣ кардан, бо мақсади баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, дониш, шуури ҳуқуқӣ дар муассисаҳои таълимӣ;
  • Гузаронидани семинар тренингҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби ташкилотҳои ҷамъиятӣ ташкил кардани чунин чорабиниҳо, барои тайёр кардани кадрҳои меҳнатдӯсту масъулиятшинос;
  • Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ташкил кардани гуруҳи кории психологӣ:

ҷалб кардани психологҳо бо мақсади баланд бардоштани руҳияи донишомӯзӣ, инсондӯстӣ;

  • Ташкили шӯрои чавонон: бо мақсади якҷоя муайян намудан ва ҳал кардани мушкилиҳо дар ҷомеа;
  • Ташкили дарсҳои иловагии ройгон: барои баланд бардоштани сатҳи дониши ҷавонон, дар дохили муассиасхои таълими бо ҷалби устодону мутахассисони соҳаҳои ҷамъиятшиносӣ;
  • Тайёр кардани сайтҳо, барномаҳои интернетӣ: барои омӯзонидан, шинос кардани ҷавонон бо дастовардҳо дар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ;
  • Ҷалби муассисаҳои динӣ: бо мақсади шинос кардани ҷавонон бо шариати ислом, аз гумроҳи дур намудан ва пешгирии воридшавии онҳо ба гуруҳҳои эктремистӣ, бо ҷалби уламоҳои динӣ гузаронидани чорабиниҳои тарбиявӣ.

Ҳангоми амали намудани ғояҳои пешниҳодшуда мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки ҷавонони муосирро аз фактҳои паст шудани сатҳи дониш раҳо дода, барои пешравии ҷомеаву давлат замина мегузорем.

Муаллиф:       Рӯзиев Давлат

шаҳри Душанбе

Донишҷӯи бахши 4 – уми ДМТ,

факултаи “Ҳуқуқшиносӣ”

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here