Бо ман ҳамхоба шуду дигареро ба занӣ гирифт бо ашки сӯзон қисса намуд Гулҷаҳон. Ҳарчанд оби минералиро дӯст намедоштам, вале Манучеҳр ба нӯшидан маро маҷбур кард ва як қадаҳ нӯшидам. Пас аз нӯшидани об шояд беҳуш шудам, ки ӯ бо ман ҳамхоба шудаасту худ хабар наёфтам, як вақт бедор мешавам, ки урёнам. Бо Манучеҳр аз солҳои мактабхонӣ шинос будем. Ӯ дар ҳамсоягии мо зиндагӣ мекард, ғайр аз ин, пушти як миз дарс мехондем. Манучеҳр ҷавони болобаланди хушгуфтор буда, дар мактаб аксар духтарон ошиқаш буданд, вале назари ӯ ҳар касро намегирифт. Дар хондан ҳам камбудӣ надошт, ӯ пайваста ба дарсҳо бо тайёрии пухта омада, ҳозирҷавоб буд, бештар вақт ба устодон имкони гап заданро намедод. Маро низ доимо кӯмак менамуд, мисолҳоямро ҳал кардаю бароям беҳтарин иншоро менавишт, аммо ҳеҷ гумон надоштам, ки ин ҳама мақсадноканд. Фикр мекардам, ки ӯ маро ҳамчун ҳамсабақ ва ҳамсоя дастгирӣ мекунад, вале андешаҳоям ботил баромаданд. Рӯзе ӯ ба ман изҳори ишқ намуда, иброз дошт, ки зиндагиашро бидунам тасаввур карда наметавонад. Ман низ, рости гап, нисбат ба ӯ бетаваҷҷӯҳ набудам, бинобар ин, дарҳол муҳаббаташро қабул кардам. Баробари аҳди ошиқӣ бастан, оғоз намуд тӯҳфа оварданро, пайваста, новобаста аз ҷашну маросимҳо ӯ беҳтарин ҷавоҳирот харидорӣ карда, бароям тақдим менамуд, дар ҳар вохӯрӣ ёдрас мешуд, ки оянда маро ба занӣ мегирад. Ростӣ, суханонаш маро ба ӯ зиёдтар ҷалб мекарданду муҳаббатам рафта- рафта афзоиш дошт. Ӯро девонавор дӯст доштам ва ман низ бе ӯ зиндагӣ карда наметавонистам. Ҳар чӣ ки мегуфт иҷро мекардаму аз гуфтааш берун намешудам, зеро комилан ӯро бовар карда будаму хаёлан худро ҳамсари ҳаётии вай тасаввур мекардам. Гумон доштам, ки рост мегӯяд, яъне маро оянда ҳамсар мекунад, вале… Манучеҳр дар боғчае шабона ва рӯзҳои шанбею якшанбе посбон кор мекард. Баъзан рӯзҳои якшанбе, азбаски танҳо мемонд маро даъват менамуд, то каме сӯҳбаткунему ғамгин нагардад. Албатта ҳар ҳафта имкони рафтанро надоштам, зеро наметавонистам ҳар рӯзи якшанбе баҳонае пеш оварда аз модарам ҷавоб пурсам, вале ҳаракат мекардам, ки як ҳафта пас ба боғча равам. Вақте наздаш мерафтам, утоқаки хоби азизи диламро рӯфта тоза мекардаму тамоми либосҳояшро мешӯстам, ҳол он ки хонаашон дар шаҳр буду модару апа ва янгаҳо дошт. Баъди анҷоми ин ҳама якҷо нишаста, сӯҳбат мекардему ҳамин тавр бегоҳ шуданро надониста мемондем. Чун шом мешуд, ӯ маро то назди дарвозаи хона гусел мекард, вале ёд надорам, ки боре беодобона маро даст кардаю сухани ноҷо гуфта бошад. Ҳамеша муносибати дуруст дошт ӯ ва доимо ёдрас мешуд, ки оянда хонадор мешавем ва хушбахтам мегардонад. Ғайр аз он ки ман ба боғча назди азизи дилам мерафтам, ба боғҳои шаҳр низ ба тамошо мебаромадем, ба боғи ҳайвонот мерафтем, хулоса, хеле меҳрубон буд ӯ ва ҳамеша кӯшиши хушҳолии маро мекард. Аз муносибатамон як сол сипарӣ шуд. Рӯзе Манучеҳр маро наздаш хонд. Рафтам. «Супориш» дод, ки тамоми либосҳояшро шӯста, тоза кунам. Кардам. Пасон «амр» дод, ки хонаашро рӯбаму барояш таом тайёр кунам, иҷро кардам. Ҳамин тавр соат 4- 5-и бегоҳ шуд. Дастархон партофта таомашро овардаму худ нияти ба хона рафтан доштам, вале нагузошт биравам. – Маро танҳо партофта меравӣ? Наход ин қадар бемеҳр бошӣ, аз ту чунин умед надоштам, гумон мекардам, ки дӯстам медорию ҳеҷ гоҳ танҳоям намегузорӣ. – Бовар кун, ки дӯстат медорам, ҳатто зиёдтар аз ҷонам, вале бояд равам. Охир аз модарам бо баҳонаи он ки хонаи дугонаам меравам то бегоҳ ҷавоб гирифтаам, бевақт шудаистодааст, хавотир нашавад. – Барои чӣ хавотир мешавад, аз духтараш боварӣ надорад? – Дорад, вале модарон ҳамеша дар андешаи фарзандонанд. – Дуруст ширинаки ман, вале ту кӯдак нестӣ ку? Як соати дигар шин, худам бурда дар хонаатон мемонам, майли асал? Дилам ким чӣ хел сиёҳ буд, вале розӣ шудам. Аз куҷо медонистам, ки ӯ ба сарам бадбахтӣ меорад? Агар медонистам, як лаҳза ҳам намеистодам, вале… – Ту шин, ман рафта як оби минералӣ биёрам,- гуфт Манучеҳр ва ба берун баромада, пас аз чанд лаҳза омад. Ҳарчанд, ношукрӣ нашавад, оби минералиро дӯст намедоштам, вале ӯ ба нӯшидан маро маҷбур кард ва як истакон нӯшидам. Пас аз нӯшидани об шояд беҳуш шудам, ки ӯ бо ман ҳамхоба шудаю худ хабар наёфтам, як вақт бедор мешавам, ки урёнам. – Ба ман чӣ шуд? Либосҳоямро кӣ кашид? Ту чӣ кор кардӣ Мануҷон? Наход…наход маро бе розигии худам таҷовуз карда бошӣ, – гуфтаму зор- зор гиристам, вале ӯ: – Яке шуд ҷони ман, вале ту ҳаргиз ғам нахӯр, зеро ман дар нимароҳ намегузорамат, дар наздиктарин фурсат туро арӯси хонадонамон мекунам. – Ту номард будаӣ, нафрат дорам ба ту, нафрат. Дигар ҳаргиз намехоҳамат, агар бе шавҳар монам ҳам, туи «машеник»-ро намегирам. Ҳама баҳонаҳоят барои ҳамин буд, нобакор?!Дафъ шав аз назарам дигар набинам афти хунукатро!- дод зада тамоми сухани пасту баландро гуфтам он лаҳза, аммо дигар чӣ чора? Бо дашном додану гиря кардан гузаштаро баргардонда намешуд, бинобар ин, сару рӯямро шӯста, либосҳоямро пӯшидаму роҳ сӯи хона гирифтам. Дар хона, дар танҳоӣ хуб гиристаму диламро холӣ кардам, аммо тавре гуфтам, фоида надошт. Ду- се ҳафта аз худ бехуд будаму ҳеҷ наметавонистам хомӯш бошам, оби дидаам бари рӯ мегиристаму мегиристам. Сари қаҳру ғазаб мехостам кушам онеро, ки бештар аз ҷонам дӯсташ медоштам, вале андешаи зиндонӣ шудан маро аз роҳам мегардонд. Нақшаи ба суд муроҷиат карданро ҳам баъзан мекашидам, аммо аз шарманда шудан метарсидам, охир, агар ба суд шикоят мекардам, ҳама мефаҳмид, ки ман нодухтар шудаам, бинобар ин, аз ин раъям ҳам гаштам. Дарун ба дарун месӯхтаму ба касе чизе намегуфтам, лаънат мехондам ба худ, ки ӯро бовар кардам, лаънат мехондам ба ӯ, ки маро бадбахт кард, лаънат мехондам ба он рӯзи наҳс, вале дигарон дардамро нафаҳманд гуфта, худро сохтакорона хушҳол нишон медодам. Манучеҳр бошад, бо ваъдаи он ки дар наздиктарин рӯзҳо модарашро ба хостгорӣ мефиристаду маро ба занӣ мегирад, баъзан телефонам мекарду гоҳи дигар наздам меомад, аммо муносибатҳоямон мисли бегона буданд. Аммо бо вуҷуди ин нисбат ба ӯ бетаваҷҷӯҳ набудам. Дӯсташ медоштам, ҳарчанд, ки нисбаташ ҳисси бадбинӣ низ доштам. Аниқтараш дигар бовараш намекардам ва ба суханонаш аҳамият намедодам, вале интизори омадани хостгоронаш будам, охир маро дигар кӣ мегирад? Бори охир ду ҳафта пеш вохӯрда будему бори дигар дилпурам намуд, ки дар хонаашон барои зангирии вай маслиҳат рафта истодаасту бояд хонадораш кунанд. Ҳатто иброз дошт, ки дар бораи ҳодисаи шудагӣ ба модараш нақл кардаасту онҳо бояд омада иаро келин кунанд. Аз кори кардаи ӯ ғамгин будам, вале аз шунидани ин гапҳо як кунҷаки дилам шод гашт, ки назди дӯсту душман шарманда нашуда, оиладор мешавам, вале… Он дурӯя боз фиребам дод. Бехабар аз ман бо дигаре хонадор шудаю якшанбеи гузашта тӯй дошт. Аз як деҳот духтари ким кадом хешашонро ба занӣ гирифтаасту ба касе дар ин масъала даҳон накушоданд, шояд ба хотире, ки ман нафаҳмам? Ҳамон лаҳзае оиладор шуданашро фаҳмидам, ки садои тӯяш ба гӯшам расид, вале дуояш накардам, зеро бадбахт шудани ҳамсарашро намехоҳам, охир, ӯ гуноҳ надорад, вале аз Худо талаб дорам, ки ҷазои он номардро диҳад.

Муаллиф: (??)

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here