Чанд сол қабл дуртар аз шаҳр пирамарде бо писараш дар як кулба зиндагӣ мекарданд. Онҳо хеле камбағал буданд, ҳатто баъзан вақт нони хӯрдан ҳам надоштанд, ба онҳо ҳамсояҳо нон, мавиз, қоқ ва дигар чизҳои хӯрданӣ аз рӯи имконияташон медоданд, то ки пирамард ва писар аз гуруснагӣ намиранд. Рӯзе аз рӯзҳо ба рӯи писар бахт механдаду кораш барор мегирад, писар оҳиста-оҳиста тиҷоратро сар мекунад. Аз ҳисоби даромадҳои тиҷраташ хона, бӯстонсаро ва мошини замонавӣ мехарад, хуллас ҳамаи эҳтиёҷоташро қонеъ мегардонад.  Писар, ки ба тиҷорат машғул буд ба ҳар деҳаву шаҳракҳои атрофи деҳаашон, инчунин ба шаҳрҳои дигар барои савдо мерафт. Шароити зиндагии падару писар то ба андозае хуб шуда буд, ки хурсандии онҳо ҳадду канор надошт. Писар ҳар вақте барои савдо ба ҳар деҳаву шаҳракҳои атрофи деҳаашон ва шаҳрҳои дигар мерафат дар он ҷоҳо айшу ишрат ва дилхушӣ карда мегашт.

Як рӯз дар вақти тановули таъом падар ба писар васияте кард:

Писарам, ба ҳар ҷое, ки мерави дар он ҷо як хонаи хубе бунёд кун.”

Писар гуфт:

-Хуб шудаст падар.

Тавре медонем ба ин дунё ҳамаи мову Шумо меоему меравем ё ба таври дигар ҳеҷ кас дар олам то абад зиндагӣ намекунад. Пас аз чанд рӯзе падар аз олам чашм мепушад.

Пас аз марги падар, писар мехост васияти падарашро иҷро кунад, писар ба ҳар ҷое, ки ба савдо меорафт ба умеди иҷро кардани васияти падараш дар он ҷо хонаҳои хубе месохт. Бо мурури замон писар боз ба ҳолати аввалааш, яъне камбағаливу қашшоқӣ, ҳатто аз он ҳам ҳолати вазнинтар бар мегардад. Аз дигар тоҷирон ба миқдори калон қарздор мешавад, ҳатто ба он дараҷае расида буд, ки ӯ ба умеди наҷот ёфтан аз қарз мехост худашро бикушад…

Писар аз сабаби онки корҳояш тамоман бад шуда буд ба назди як куҳансоле мераваду мепурсад:

-Падарам дар вақти дар ҳаёт буданаш ба ман чунин васият карда буд: “Писарам, ба ҳар ҷое, ки мерави дар он ҷо як хонаи хубе бунёд кун” ва ман ҳам ба ҳар куҷое, ки рафтам як хонае сохтам ба ҷои он, ки доротар шавам, аз дигарҳо қарздор шудам. Бигӯед оё ман ғалат кардам?

Куҳансол дар ҷавоб ба ӯ гуфт:

– Бале ғалат кардӣ, падарат ба ту нагуфтааст, ки дар ҳар як ҷо хона соз, балки гуфтааст, ки дар ҳар ҷое, ки меравӣ як дӯсти хуб пайдо кун то дар рӯзи хубу бади ту дар наздат бошаду ба ту кӯмаки худашро дареғ надорад.

Ниҳоят писар бо сабаби аз ҳар тараф ба ӯ фишор омадан, яъне қариб ҳаррӯз ба хонааш қарзро те гӯён одамон омадан, худашро дар хонаи пешинаашон, ки бо падараш зиндагӣ мекарданд куштан хост. Писар арғамчинро (бандро) мегирад ва барои худро овехтан онро дар чӯби кулбаашон баста гулӯяшро ба арғамчин андохта аз таги пояш курсиро лагат мезанад то арғамчин гулӯгир кунаду ҷонаш барояд. Дар ҳамин вақт ногоҳ чӯби он кулба мешиканаду писар ба замин меафтад вақте, ки писар ба ҳуш меояд дар назди сараш як халта ва як навиштаҷотеро мебинад. Вақте, ки халтаро мекушояд мебинад, ки халта пур аз зару зевар аст. Сипас навиштаҷотро мехонад, ки дар он чунин навишта шуда буд: “Писарам вқте, ки ту ин навиштаҷотро дар даст мегири он вақт хеле дер шудааст ва ту аллакай худатро куштан хостаи. Ман он зару зеваре, ки дар даст дорӣ дар давраи дороии худат ҷамъ карда будам ва ҳозир бошад он барои бори дигар доро шуданат кӯмак мекунад.”

МУАЛЛИФ: Фузайлов Фахриддин

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here