Ҷавонон захираи асосии инсонӣ барои ҳамаи давлатҳо мебошанд. Онҳо дар ҳама кору ҳолат гуруҳи потенсиалӣ мебошанд ва ба он ҷое, ки онҳоро равон мекунанд, онҳо ба ҳамон самт мераванд, бинобар ин бояд ҷавононро ба самти рост равон кард. Албатта, ҳар як давлат дорои муаммоҳои худ мебошад, аммо онҳоро фавран нест карда намешавад, танҳо онро батанзим даровардан мумкин аст.

Дар замони имрӯза тақрибан 1 миллион шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба сифати муҳоҷирони меҳнатӣ кор мекунанд. Бештари онҳо ҳатто ҳуқуқи худро дар Федератсияи Россия намедонанд, барои он ки новобаста аз мавҷудияти ташкилотҳои зиёд дар Тоҷикистон оиди пешниҳоди машваратҳои ҳуқуқӣ ба шаҳрвандоне, ки мақсади муҳоҷират доранд, машварат нагирифтаанд.

Айни замон зиёда аз 300 ҳазор муҳоҷирони меҳнатӣ ихроҷ шудаанд ё воридшавии онҳо ба қаламравӣ Федератсияи Россия пӯшида ё манъ карда шудааст, пас савол ба миён меояд, ки ин миқдор Чаро? Ҷавоб хело оддӣ аст. Гап дар сари он аст, ки бештари муҳоҷирони мо дар ФР оиди қонунҳои асосии амалкунандаи ФР дар соҳаи муҳоҷират маълумоти пурра надоранд. Дар аксарияти ҳолатҳо барои набудани тамоми ҳуҷҷатҳо онҳо ихроҷ мешаванд.

Ман мехоҳам, ки дар Facebook гуруҳ ва утоқи шахсӣ дар YouTube канал таъсис диҳам. Аввалан, дар инҷо мутаваҷҷеҳ намудани ҷавонон барои оғоз кардани фаъолияти худ дар дохили кишвар, баъдан, нашри маводҳои гуногун барои маълумотнок намудани ҷавонон.

  • Ҷойгир намудани маълумотҳое, ки хусусияти машваратӣ доранд;
  • Ҷойгир намудани видеороликҳои кӯтоҳ, ки ба онҳо тарзҳои гирифтани ҳуҷҷатҳоро шарҳ медиҳад;
  • Ташкил намудани фазои мусоиде, ки дар он муҳоҷирони меҳнатӣ оиди тағйиротҳои асосии қонунҳои ФР дар бораи муҳоҷират бохабар мешаванд;

Бо таъсиси чунин фазо ман метавонам, ки як қатор маълумотҳоро ба муҳоҷирон расонам, ба монандӣ:

  • Бо кадом ҳуҷҷатҳо бояд муҳоҷират намуд;
  • Ҳангоми ҳозир шудан бояд чи гуна амалҳоро бояд анҷом дод;
  • Бо корфармо бастани шартномаи меҳнатӣ;
  • Барои гирифтани патент кадом ҳуҷҷатҳо лозим мешаванд, ва боз дигар муаммоҳои пайдошуда, ки сабаб барои ихроҷ ва ё манъи воридшавии онҳо ба ҳудуди ФР гардидаанд. Барои муҳоҷирони меҳнатӣ хело муҳим аст, ки оиди ин асосҳо бохабар бошанд, то ки ихроҷ нашаванд ва ин метавонад ба таври назаррас шумораи ихроҷ шудагонро кам гардонад.

Муаллиф:                      Бойтемуров Пайғом

шаҳри Душанбе

Донишҷӯи бахши 2 – юми ДСТР,

факултаи “Муносибатҳои байналхалқӣ”

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here