Баъзе шахсон фикр мекунанд, ки истеъмолкунанда танҳо он шахсе мебошад, ки молро мехарад ва онро мехӯрад ва ё истифода мебарад, лекин ин фикр чандон қобили қабул нест.

Истеъмолкунанда – шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ният дорад мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) – ро фармоиш диҳад ё харидорӣ намояд, ё худ онҳоро танҳо барои эҳтиёҷоти шахсӣ, оилавӣ, рӯзгор ва ғайра, ки бо анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд намебошанд, истифода намояд.[1]

Яъне аз мафҳуми мазкур бар меояд, ки истеъмолкунанда ин шахси воқеъӣ (шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди хориҷа ва шахси бетабаа) ё шахси ҳуқуқӣ (ба мисоли: иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳизби сиёсӣ ва.ғ.), ки ният дорад мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ)-ро фармоиш диҳад ё харидорӣ намояд ё онҳоро танҳо барои эҳтиёҷоти шахсӣ, оилавӣ, рӯзгор ва ғайра, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ яъне бо мақсади гирифтани фоида аз ҳамон мол (хизматрасонӣ, иҷрои кор) алоқаманд нест.

Қонунгузор дар мафҳуми истеъмолкунанда асосан як ҳолати истисноиро муайян кардааст, ки он боиси ҳамчун истеъмолкунанда эътироф накардани субъекти муносибати ҳуқуқ мегардад. Чунончи дар қисми поёнии мафҳум бо ибораи (бо анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд намебошанд) ишора шудааст. Барои мақсадҳои андозбандӣ ҳамчун фаъолияти соҳибкорӣ фаъолияти мустақиле дониста мешавад, ки таҳти таваккали худи шахсоне, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бояд  ба ҳамин сифат ба қайди давлатӣ гирифта шаванд, амалӣ карда мешавад ва барои ба даст овардани фоидаи (даромади, ҷуброни) мунтазам аз истифодаи молу мулк, фурўши молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасонӣ равона гардидааст.[2]

Аз ин лиҳоз боиси қайд аст, ки агар шахс мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ)- ро бо мақсади мунтазам гирифтани фоида фармоиш диҳад ё харидорӣ намояд, пас он ҳамчун истеъмолкунанда эътироф карда намешавад.

Намудҳои истемолкунанда:

  • Шахсони воқеъӣ (шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди хориҷа ва шахсони бетабаа).
  • Шахсони ҳуқуқӣ (иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳизби сиёсӣ ва.ғ.), ба шарте, ки агар мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ)-ро бо мақсади анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ фармоиш ё харидори накарда бошад.

Ҳамчунин аз рӯи мазмуни мафҳуми истеъмолкунанда навъҳои истеъмолкуниро ҳам ҷудо кардан мумкин аст:

  • барои эҳтиёҷоти шахсӣ;
  • барои эҳтиёҷоти оилавӣ;
  • рӯзгор ва ғайра.

Дар қисми 1, моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқйуқи истеъмолкунандагон” пас аз калимаи “рӯзгор” ибораи “ва ғайра” омадааст, ки ин боиси гуногунфаҳмӣ ва ҳатто нодуруст маънидод кардани  ин меъёр оварда мерасонад.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғайр аз муайян кардани кӣ  будани истеъмолкунанда, инчунин якқатор ҳуқуқҳои истеъмолкунандаро пешбинӣ намуда дар сатҳи қонун мустаҳкам намудааст:

“Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад:

– ба маърифатнокӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон;

– ба маълумот доир ба мол (кор, хизматрасонӣ) ва ҳамчунин доир ба истеҳсолкунандагони (иҷрокунандагони, фурӯшандагони) он;

– ба бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ);

– ба интихоби озоди мол (кор, хизматрасонӣ);

– ба сифати муносиби мол (кор, хизматрасонӣ);

– ба ҷуброни пурраи зараре (зиёне), ки бинобар нуқсони мол (кор, хизматрасонӣ) расидааст;

– ба ҳимояи ҳуқуқҳои худ;

– ба таъсис додани иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон;

– ба пешниҳод кардани таклифу дархостҳо оид ба беҳтар кардани сифати мол (кор, хизматрасонӣ) ба истеҳсолкунанда (фурӯшанда)”[3]

Барои вайронкунандагони ҳуқуқҳои болозикршуда дар кодексҳои алоҳида ҷавобгарии ҳуқуқии гражданӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

[1] Ниг: Моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2004, № 72

[2] Ниг: Қисми 1 моддаи 8 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 сентябри соли  2012, №901

[3] Ниг: Моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2004 № 72

  Муаллиф:                              Фузайлов Фахриддин.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here