Ҷиноят яке аз намудҳои ҳуқуқвайронкунӣ ба ҳисоб рафта ба монанди дигар намудҳои ҳуқуқвайронкунӣ, аз ҷумла ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, гражданӣ ва интизомӣ рафтори зиддиҳуқуқӣ аст, яъне муқобили қонун (ҳуқуқи позитивӣ) равона гашта дар натиҷаи содир шудани он нишондодҳои ҳуқуқӣ (қоидаҳои рафтор) вайрон мешаванд. Дар илми ҳуқуқи ҷиноятӣ мафҳумҳои зиёди ҷиноят ҷой доранд, вале мафҳуми расмии ҷиноят дар моддаи 17 Кодекси ҷиноятии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 21 майи соли 1998) қайду мустаҳкам карда шудааст:

1) Кирдори (ҳаракат ё беҳаракатӣ) содиршудаи гунаҳгоронаи барои ҷамъият хавфноке, ки ҳамин Кодекс бо таҳдиди татбиқи ҷазо манъ кардааст, ҷиноят эътироф мешавад.

2) Кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки зоҳиран аломатҳои яке аз кирдорҳои дар  Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинигардидаро дошта бошад ҳам, вале бо сабаби камаҳамиятӣ барои ҷамъият хавфнок нестанд, ҷиноят намебошад.

Ҳар як зуҳурот ба худаш хос нишонаҳо дорад, ҷиноят низ дорои нишонаҳое мебошад, ки ба воситаи онҳо ҷиноятро аз дигар намудҳои ҳуқуқвайронкунӣ, аз ҷумла ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ фарқ кардан мумкин аст. Тавре аз мафҳуми болозикршудаи ҷиноят бар меояд, ҷиноят дорои чунин нишонаҳо мебошад:

-хавфнок будани кирдор ба ҷамъият;

-зиддиҳуқуқӣ будани кирдор;

-гунаҳкорона содир шудани кирдор;

-сазовори ҷазо будани кирдор;

-танҳо дар Қисми махсуси Кодекси ҷиноятӣ бо таҳдиди татбиқи ҷазо манъ карда шудааст.

Ҳамин тавр ҷиноят кирдори манфии шахс ба ҳисоб рафта дар натиҷаи содир намудани он ба ҷамъият, инсонҳои алоҳида, давлат ва ғайра зарари ҷидди мерасад.

Ҷиноятҳо дар ду шакл содир мешавад: ҳаракат ва беҳаракатӣ. 1.Ҳаракат – рафтори (кирдори) зиддиҳуқуқии фаъолонаи шахс мебошад. Масалан: дуздӣ, одамкушӣ, гирифтани пора ва.ғ. 2.Бехаракатӣ бошад, рафтори зиддиҳуқуқии ғайрифаъолона мебошад, ки шахс аз содир кардани амали фаъолона, ки шахс мебоист ва метавонист он ҳаракатро содир кунад, худдорӣ мекунад. Мисол: ёрӣ нарасонидан ба бемор, раъди додани маълумот ба шаҳрванд ва.ғ.

Инчунин дар асоси моддаи 18 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон кирдорҳои ҷиноятӣ вобаста ба хусусият ва дараҷаи ба ҷамъият хавфнокиашон ба чор категория ҷудо мешаванд:

  1. Кирдорҳои қасдона содиркардае, ки ҷазои ҳадди аксари барои онҳо дар Кодекси ҷиноятӣ пешбинигардида аз ду соли маҳрум сохтан аз озодӣ зиёд нест ва кирдорҳои аз беэҳтиётӣ содиршавандае, ки ҷазои ҳадди аксари барои онҳо дар Кодекси ҷиноятӣ пешбинигардида аз панҷ соли маҳрум сохтан аз озодӣ зиёд нест, ҷиноятҳои начандон вазнин эътироф мешаванд.
  2. Кирдорҳои қасдан содиршавандае, ки ҷазои ҳадди аксари барои онҳо дар Кодекси ҷинояӣ пешбинигардида аз панҷ соли маҳрум сохтан аз озодӣ зиёд нест ва кирдорҳои аз беэҳтиётӣ содиршавандае, ки ҷазои ҳадди аксар барои онҳо аз панҷ соли маҳрум сохтан аз озодӣ зиёд мебошад, ҷиноятҳои дараҷаи миёна эътироф мешаванд.
  3. Кирдорҳои қасдан содиршудае, ки ҷазои ҳадди аксари барои онҳо дар Кодекси ҷиноятӣ пешбинигардида аз дувоздаҳ соли маҳрум сохтан аз озодӣ зиёд нест, ҷиноятҳои вазнин эътироф мешаванд.
  4. Кирдорҳои қасдан содиршудае, ки ҷазои ҳадди аксари барои онҳо дар Кодекси ҷиноятӣ пешбинигардида зиёда аз дувоздаҳ соли маҳрум сохтан аз озодӣ ё ҷазои қатл пешбинӣ гардидааст, ҷиноятҳои махсусан вазнин эътироф мешаванд.

Ба мову Шумо маълум аст, ки ягон некӣ аз хотир нахоҳадрафт, кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ низ бе ҷавобгарӣ намемонанд. Аз ин хотир қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазоҳои ҷиноятиро барои кирдорҳои ҷиноии содиркарда муайян кардааст. Асоси ҷавобгарии ҷиноятиро содир намудани кирдоре ки дорои ҳамаи аломатҳои таркиби ҷиноятӣ дар Қисми махсуси Кодекси ҷиноятӣ пешбинигардида ташкил медиҳанд.

Барои боз ҳам хубтар ва беҳтар дарк намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ назар меафканем ба Тафсиаи кодекси ҷиноятӣ: “Чавобгарии ҷиноятӣ – чораи маҷбурсозни давлатӣ буда, татбики ҷазоҳои ҷиноятӣ ва дигар чораҳои дорои хусусияти ҳуқуки ҷнноиро нисбати ашхоси дар содиршавин ҷиноят гунаҳгор дар назар дорад.”

Кодеки ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо як асоси ҷавобгарии ҷиноятиро муаян кардааст, ки он мавҷуд будани ҳамаи аломатҳои таркиби ҷиноят дар кирдори содир шуда мебошад. Таркиби ҷиноят-ин маҷмӯи аломатҳои субъективӣ ва объективӣӣ аз тарафи Кодекси ҷиноятӣ пешбинишудае мебошад, ки кирдори мушаххаси ба ҷамъият хавнокро чун ҷиноят нишон медиҳад. Таркиби ҷиноят аз чор унсур иборат буда дар ҳолати набудани яке аз он унсурҳо кирдор ҳамчун ҷиноят эътироф карда намешавад.

1.Объекти ҷиноят, яъне он арзишу манфиатҳое, ки бо қонуни ҷиноятӣ ҳифз карда мешаванд. Масалан: ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва.ғ., муфассал ниг: Моддаи 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2.Тарафи объективии ҷиноят, яъне аломатҳои берунае, ки оқибати ҷиноят, алоқаи сабабии байни кирдор ва оқибат, ҷой, вақт, вазъият, тарз, олот ва воситаҳои содиркунии ҷиноятро нишон медиҳад.  Масалан: дар ҷинояти одамкушӣ силоҳ, корд ва.ғ. ба сифати олоти ҷиноят фаҳмида мешаванд.

3.Субъекти ҷиноят, яъне шахси мукаллафи синну соли муқарраркардаи Кодекси ҷиноятӣ мебошад. Мукаллаф он шахсе мебошад, ки ҳамаи кирдорҳои содиркардаи худро дарк карда метавонад. Сину соли муқарраркардаи Кодекси ҷиноятӣ бошад дар моддаи 23-и ҳамин Кодекс бо чунин тартиб қайду мустаҳкам карда шудааст:

“1) Ба ҷавобгарии ҷиноятӣ шахсе кашида мешавад, ки дар вақти содир намудани ҷиноят ба синни шонздаҳсолагӣ расидааст.

2) Шахсе, ки дар вақти содир намудани ҷиноят ба синни чордаҳсолагӣ расидааст, барои содир намудани ҷиноятҳои зерин ба ҷавобграрии ҷиноятӣ кашида мешаванд: одамкушӣ (моддаи 104), қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ (моддаи 110), қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ (моддаи 111),  одамрабоӣ (моддаи 130), таҷовуз ба номус (моддаи 138), кирдори зўроварии дорои хусусяти шаҳвонӣ (моддаи 139), терроризм (моддаи 179), ғасби гаравгон (моддаи 181), тасарруфи силоҳи, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш (моддаи 199), муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ  бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан (моддаи 200), муносибатҳи ғайриқонунӣ  бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳӣ  психотропӣ (моддаи 201), тасарруфи воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ (моддаи 202), парвариши ғайриқонунии  зироатҳои  дорои моддаҳои нашъаовари кишташон манъшуда (моддаи 204), муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ва заҳролуд бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан (моддаи 206), корношоям сохтани воситаҳои нақлиёт ё роҳҳо (моддаи 214), авбошӣ дар ҳолатҳои вазнинкунанда (қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 237), дуздӣ (моддаи 244), ғоратгарӣ (моддаи 248), роҳзанӣ (моддаи 249), тамаъҷўӣ (моддаи 250), ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани  автомобиль ё дигар воситаҳои нақлиёт бидуни мақсади тасарруф (моддаи 252), қасдан несту нобуд ё  вайрон  кардани  молу мулк   дар ҳолатҳои    вазнинкунанда (қисми дуюми моддаи 255).

3) Дар ҳолатҳои алоҳидаи дар Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинигардида танҳо он шахсе ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, ки аз синни шонздаҳсола болотар аст.

4) Агар ноболиғ дар вақти содир намудани кирдори ба ҷамъият хавфнок ба сину соли дар қисми якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда расида бошад, аммо дар натиҷаи ақиб мондан дар инкишофи рўҳи, ки бо парешонҳолии рўҳӣ алоқаманд намебошад, наметавонист ба таври пурра хусуссияти воқеӣ ва хавфи ҷамъиятии ҳаракати (беҳаракатии) худро дарк намояд ё онҳоро идора намояд, ў ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад.”

Тарафи субъективии ҷиноят, яъне гуноҳ дар шакли қасд ё беэҳтиётӣ, ангеза ва мақсади содир кардани ҷиноят мебошад. Муфассал нигаред ба моддаҳои 27-31-и Кодекси ҷиноятӣ.

Қонунгузор ғайр аз он, ки намудҳои мушаххаси ҷиноятро муайян кунад, барои онҳо ҷазоҳои сазоворро низ муайян кардааст:  Ҷазо чораи маҷбуркунии давлатие мебошад, ки бо ҳукми суд таъин карда мешавад. Он нисбати шахсе, ки дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор эътироф шудааст татбиқ гардида, аз маҳрум ё маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои  шахс, ки дар Кодекси ҷиноятӣ пешбинӣ гардидаанд, иборат мебошад.

Намудҳои ҷазо инҳо мебошанд:

а) ҷарима;

б) маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян;

в) маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон;

г) корҳои ҳатмӣ;

д) корҳои ислоҳӣ;

е) маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ;

ж) маҳдуд кардани озодӣ;

з) нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ;

и) мусодираи молу мулк;

к) маҳрум сохтан аз озодӣ;

л) якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ;

м) ҷазои қатл.

Инчунин ҳамаи ҷазоҳои болозикршуда  ба се гурӯҳ ҷудо карда мешавад, яъне ҷазоҳои асосӣ, асосӣ-иловагӣ (омехта) ва иловагӣ:

1)Ҷазоҳои асосӣ корҳои  ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, маҳдуд кардани озодӣ, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ, якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ва ҷазои қатл мебошад.

2)Ҷазоҳои асосӣ-иловагӣ ҷарима, маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҳам ба сифати ҷазоҳои асосӣ ва ҳам иловагӣ татбиқ мешаванд.

3)Ҷазоҳои иловагӣ маҳрум кардан аз рутбаи махсус, ҳарбӣ, рутбаи дараҷавӣ ва мукофотҳои давлатӣ ва мусодираи молу мулк мебошад.

Ҳангоми таъини ҷазо суд принсипи фардикунондани ҷазоро ба асос гирифта, хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, яъне арзиши объектҳои бо қонун муҳофизатшаванда, сабабҳои содир намудани ҷиноят, тарзи амал, шахсияти гунаҳгор, хусусият ва андозаи зарари расонидашуда, ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук ва вазнин мекунанд, фикру ақидаи ҷабрдидаро аз рўи парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ ба назар мегирад.

Ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо инҳо мебошанд:

а) бори аввал содир намудани ҷиноят;

б) ноболиғ будани гунаҳгор;

в) ҳомиладор будан;

г) кўдакони хурдсол доштани гунаҳгор;

д) бо сабаби вазнинии шароити зиндагӣ ва ё аз рўи дилсўзӣ содир намудани ҷиноят;

е) содир намудани ҷиноят дар ҳолати ҳаяҷони сахти рўҳие, ки сабаби он зўроварӣ, таҳқири сахт ё амалҳои дигари ғайриқонунии ҷабрдида мебошад;

ж) содир намудани ҷиноят дар ҳолати аз ҳадди муҳофизати зарурӣ гузаштан,  дастгир кардани шахси ҷиноят содирнамуда, зарурати ниҳоӣ, таваккали асоснок, иҷрои фармон ё амр;

з) таҳти таъсири маҷбуркунии ҷисмони ё рўҳӣ, вобастагии моддӣ, хизматӣ ва ё вобастагии дигар содир намудани ҷиноят;

и) ихтиёран омада ба гуноҳи худ иқрор шудан, сидқан пушаймон шудан, фаъолона мусоидат кардан дар ошкор намудани ҷиноят, фош кардани дигар иштирокчиёни ҷиноят ва дар кофтукови молу мулки дар натиҷаи ҷиноят бадастомада;

к) бевосита пас аз содир намудани ҷиноят расонидани ёрии тиббӣ ё кўмаки дигар ба ҷабрдида, ихтиёран талофӣ кардан ё рафъ сохтани зарари моддӣ ва маънавии дар натиҷаи ҷиноят расонидашуда, анҷом додани амалҳои дигаре, ки ба ислоҳи зарари ба ҷабрдида расонидашуда равона гардидаанд.

Ҳолатҳои вазнинкунандаи ҷазо инҳо мебошанд:

а) такроран содир намудани ҷиноят, ресидив, ҳамчун касб содир намудани ҷиноят;

б) оқибати вазнин доштани ҷиноят;

в) дар ҳайати гурўҳи шахсон, гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, гурўҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир намудани ҷиноят;

г) нақши махсусан фаъол дар содир намудани ҷиноят;

д) ба содир намудани ҷиноят дидаю дониста ҷалб кардани шахсоне, ки гирифтори бемории рўҳӣ мебошанд, дар ҳолати мастӣ қарор доранд, инчунин шахсони хурдсол ё ноболиғ;

е) содир намудани ҷиноят бо сабаби адовати  маҳалгароӣ, миллӣ,  нажодӣ ё динӣ, таассуби динӣ, қассосгирӣ барои амалҳои қонунии шахсони дигар, инчунин бо мақсади рўйпўш намудани ҷинояти дигар ё сабук кардани содиршавии он;

ж) дидаю дониста  аз тарафи гунаҳгор содир намудани ҷиноят нисбати зани ҳомиладор, инчунин нисбати кўдаки хурдсол, ноболиғ, шахси дигари бепаноҳ ё нотавон ё шахсе, ки дар тобеияти гунаҳгор мебошад;

з) содир намудани ҷиноят нисбати шахс ё хешовандони наздики ў вобаста ба иҷрои фаъолияти  хизматӣ ё ҷамъиятиаш;

и) ҷиноят содир намудани шахс, ки бо  рафтори худ савганд ё қасами касбии ёдкардаашро вайрон намудааст;

к) содир намудани ҷиноят бо бераҳмии махсус садизм, шиканҷа ё азобу уқубат додани ҷабрдида;

л) содир намудани ҷиноят нисбати шахсон бо истифодаи силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ , техникаи ҳарбӣ, моддаҳои тарканда, воситаҳои таркиш ё  воситаҳои ба он монанд, воситаҳои техникии махсус тайёркардашуда, моддаҳои заҳрнок ва радиоактивӣ, дорувор ва дигар воситаҳои химиявии дорусозӣ ё бо усули барои ҷомеа хавфнок;

м) содир намудани ҷиноят бо истифода аз шароити вазъияти фавқулодда, офати табиӣ ё фалокатҳои  дигари ҷамъиятӣ, инчунин ҳангоми бетартибиҳои оммавӣ;

н) содир намудани ҷиноят дар ҳолати мастии майзадагӣ, мадҳушӣ аз маводи нашъаовар ё таҳти таъсири моддаҳои психотропӣ ва дигар моддаҳои мадҳушкунанда;

о) қасдан содир намудани ҷиноят нисбати падару модар;

п) содир намудани ҷиноят бо мақсади ғаразнок ё дигар нияти нопоку паст.

Мову Шумо огаҳ гаштем, ки дар натиҷаи содир кардани ҷиноят ба инсонҳо, давлат ва дигар объектҳои муҳофизаткунандаи Кодекси ҷиноятӣ зарари ҷидди мерасад, ҳамчунин бояд қайд кард, ки барои содир кардани ҷиноят мутобиқи тартиби пешбининумудаи  қонунгузорӣ ҷазоҳо барои шахсони ҷиноятсодиркарда пешбинӣ шудааст, пас чаро мову Шумо барои пешгирии содир кардани ҷиноят мусоидат намекунем!. Ҳар як инсон дар назди давлат ва ҷамъият ӯҳдадор аст, ки баҳри пойдории оромии ҷамъият ва давлат, сулҳу амниятҷиноят, ва дигар арзишҳо бояд барои пешгирии содир кардани ҷиноят ба мақомоти ваколатдори давлатӣ кӯмак кунад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here