Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ мизи мудаввар дар мавзӯи: “Муқовимат ба терроризм ва экстремизм омили асосии эъморӣ ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд” гузаронид. 

Мизи мудаввар санаи 02 июли соли 2018 дар толори Маркази таълимии Бонки Миллии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроқум) ҷойгир аст бо иштироки ВАО баргузор гардида аз соати 13:00 то 17:00 давом кард. Дар он намояндагони мақомотҳои давлатӣ, аз ҷумла Рано Каримзода – Сардори  Раёсати бақайдгирии давлатии ташкилотҳои чамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсии Раёсати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Қодиров Ғолиб Нодирович – Муовини Сардори Шуъбаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Калонзода Ибодулло- намоянда аз Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, намоянда аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз қабили Дилафруз Самадова-роҳбари гуруҳи ҳуқуқии Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, Додоева Малика -Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Ҷавонони пешсаф” ва дигар намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд.

Мизи мудавварро Рано Каримзода бо сухани ифтитоҳии худ оғоз намуда, дар рафти он нуқтаҳои муҳими “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди муқовимат ба экстремизм ва терроризм  барои солҳои 2016-2020”-ро шарҳ дода, ҳамзамон доир ба банди 12-и Стратегияи мазкур  диққати ҳозиринро ҷалб намуд, ки мутобиқи он иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ оиди муқовимат ба экстремизм ва терроризм мебошад. Ҳамчунин барои тақвияти гуфтаҳои боло иброз намуд, ки маҳз сабаби ҷамъ шудан ва мавриди баррасӣ қарор додани масъалаи мазкур бо иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомотҳои дахлдор аз манфиат дур нест.

Дар баромади худ Қодиров Ғолиб қайд намуд, ки терроризм ва экстремизм яке аз кирдорҳои номатлуби умумиҷаҳонӣ ба шумор рафта мубориза алайҳи он кирдоҳоро вазифаи муҳими кишварамон арзёбӣ намуд. Дар такя ба суханони Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуқтаи муҳимеро ба саҳми ҳозирин расонид: -Терроризм ва экстремизмро  ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда барои башарият хатари ҷиддӣ доштанашро иброз дошт. Ҳамчунин даъват ба амал овард, ки мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромии кишвари азизу маҳбубамон ҳама вақт омода бошем.

Ҳамчунин қайд намуд, ки зуҳуроти даҳшатовари экстремистӣ ва террористӣ, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ суръат мегиранд, аслан ба дини Ислом ягон алоқамандӣ надошта, бар акс муқаддасоти дини Исломро поймол мекунад. Сабаби шомилшавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ташкилотҳои гуногуни экстиримистӣ ва террористӣ надоштани ҳисси баланди ватандӯстӣ ва надонистани арзишҳои миллӣ  арзёбӣ намуд. Оиди пешгирии шомилшавӣ ба ташкилотҳои гуногуни экстремистӣ ва террористӣ қайд намуд, ки дар асоси сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супориши Взири Вазорати корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ба Ватан бар гардонидани шахсони ба ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ шомил буда ё ба онҳо алоқамандӣ дошта, ки берун аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат доранд чорабинӣ ва амалҳои фаҳмонидадиҳӣ  аз ҷониби Сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар байни аҳолии вилояти Суғд вохӯриҳо гузаронида шуд, дар вақти вохӯрӣ аз ҷумла яке аз паҳлӯҳои асосии он вохӯрӣ бо хешу ақрабои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои содир кардани ҷиноятҳои хусусияти экстримистӣ ва террористӣ дошта дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доранд ё вобаста ба алоқаманди ба чунин ташкилотҳо худро ҳис намуда бо тарсу ҳароси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудан дар давлатҳои хориҷа қарор доранд,  корҳои фаҳмонидадиҳӣ ва профилактикӣ гузаронида шуд. Дар натиҷаи гузаронидани ин чорабиниҳо, вохӯриҳои пайдарпайи роҳбарияти Раёсат ва роҳбарияти Шӯъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар вилояти Суғд аз давраи баргузории чорабиниҳо 4 нафар аъзои ташкилоти экстиримистии “Салафия”, ки дар ҷустуҷӯи мақомотҳо қарор доштанд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пои худашон баргардонида шуданд. Нисбати шахсони боло зикршуда эзоҳи моддаи 307 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда шуда онҳо айни ҳол дар манзили истиқоматиашон қарор доранд. Ҳамчунин дар натиҷаи бурдани чунин корҳои фаҳмонидадиҳӣ зиёда аз 9 нафар сокинони вилояти Суғд, ки дар робита ба ташкилотҳои экстримистӣ  “Салафия” ва ҳизби мамнӯъи экстремистӣ ва террористии назҳати ислом, ҷумҳуриро тарк карданду дар хориҷи кишвар қарор доштанд ҷамъ бо ҳамроҳи аҳли оила 34 нафарро ташкил медиҳанд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шудаанд.

Зикр кард, ки дар натиҷаи чунин корҳои фаҳмонидадиҳӣ пешгирии ин ҷиноятҳо назаррас аст, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нисбат ба солҳои охир содир кардани кирдорҳои экстремистӣ ва террористӣ дар сатҳи паст қарор дорад, гарчанде солҳои пеш наздик  200 нафар дар ҳудуди вилояти Суғд дар робита ба ташкилотҳои экстримистӣ ва террористӣ  дастгир карда шуда бошанд, соли ҷорӣ ин рақам ба 100 нафар мерасад. Ҳамчунин қайд намуд, ки Шӯъбаи минтақавии мубориза бар ҷиноятҳои муташаккил дар вилояти Суғд тавассути дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорат ва Раёсат фаъолит намуда барои ҷиҳати баргардонидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар таҳсилоти ғайриқонунии динӣ мегиранд чорабиниҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуда истодааст. Таҳлилҳо нишон доданд, ки аксарияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар таҳсилоти ғайрирасмӣ гирифтаанд аксарияташон дар ташкилотҳои экстремистӣ шомил шуданд, як қисмати дигарашон ба давлати Сурия ва Ироқ рафтаанд ва дар сафҳи ташкилоти террористӣ бо ном давлати исломӣ то ба ҳол ҷангида истодаанд.

Калонзода Ибодулло узви шӯърои уламои вилояти Суғд дар робита ба муқовимат бар зидди терроризм ва экстремизм қайд намуд, ки муқовимат ин ҳифз кардани он дастовардҳое, ки мардуми мо дар давраи истиқлолият ба даст овардааст. Муқовимат бар зидди экстремизм ва терроризм набояд дар сатҳи давлат бошад, бояд дар сатҳи оила, маҳалла мактаб донишгоҳҳо ва ғайра бошад. Ҳамчунин қайд намуд, ки агар шахс маҳаки муқовиматӣ надошта бошанд, он гоҳ ба доми фиреби экстримистӣ ва террористӣ тез меафтад.

Дилафрӯз Самадова оид ба шомилшавии аҳолӣ ба ташкилотҳои экстремистӣ ва террорисӣ исҳори нигаронӣ намуда пешниҳод кард, ки мо бояд ба он шахсоне, ки ба ташкилотҳои террористиву экстремистӣ шомил гардидаанд ба онҳо  эзоҳи моддаи 179 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба маълумоташон расонем, то, ки аз кирдори пешакардаашон даст кашанд. Эзоҳи моддаи 179 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон:  “Шахсе, ки дар омода сохтани кирдорҳои террористӣ иштирок дорад, агар мақомоти давлатиро сари вақт огоҳ созад ё бо роҳи дигар содир гаштани кирдори террористиро пешгирӣ кунад ва агар дар ҳаракатҳои ин шахс дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.”

Ба ҳамагон маълум гардид, ки аксаран гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ шомил мегарданд, вале вохӯриҳо ва корҳои фаҳмонидадиҳиву профилактикӣ бисёртар дар байни шахсони фаъоли ҷомеа баргузор мегардад. Дар охир пешниҳоди банда ин аст, ки барои пешгирии шомилшавии аҳолӣ ба чунин ташкилотҳо аз ҷониби мақомотҳои дахлдори давлатӣ ва шахсони масъул вохӯриҳо ва корҳои фаҳмонидадиҳиву прфилактикӣ дар байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ гузаронида шавад.

 

Муаллиф:    ФАХРИДДИН ФУЗАЙЛОВ

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here