Хотиррасон мешавем, ки санаи 2 июли соли 2018 дар маркази таълимии Бонки Миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроқум) оиди мавзӯи: “Муқовимат ба терроризм ва экстримизм омили асосии эъморӣ ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд”  мизи мудаввар гузаронида шуда буд. Дар он масъулини мақомотҳои дахлдори давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони ВАО иштирок доштанд. Дар рафти муҳокима иштирокчиён ба масъулини дахлдор саволе дод:
Саволи як иштирокчии мизи мудаввар ба Калонзода Ибодулло- Имомхатиби масҷиди Нури Исломи шаҳри Хуҷанд: То кадом дараҷа мо қонуне ҷорӣ карда метавонем, ки дар мактабҳо мумкин бошад бо ҳамкорӣ Вазорати маъориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактабҳо махсус як фанне бошад, ки оиди ҳамин дин гуфта гузарад, набалки  як чуқур, балки умумӣ фаҳмонида шавад, ки чӣ ҷавонон имрӯз фаҳманд оиди дин, оиди мазҳаби Имоми Аъзам. Оё оиди ҷорӣ кардани ин фан дар давлати мо имконият ҳаст ё не ва чӣ кор карда истодаед оиди ин масъала?
Ҷавоби мӯҳтарам Калонзода Ибодулло: “То андозае, ки ман иттилоъ дорам Вазорати маъориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси алоҳида бо китоби алоҳида “Маърифати исломӣ” таҳия карда шудааст ва ин чиз ба фикрам ба барномаи таълимии муассиаҳои таълимӣ дохил карда шудааст. Шояд ин муъаммоҳои дигар дошта бошад, лекин ин масъала дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як чанд сол пеш аз ҷониби Саидаҳмадов Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анаъана ва ҷашну марсимҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон китобе таҳия карда шуда буд ва дар асоси он китоб боз як барномае ҳам буд, ки маълумоти диниро, яъне маърифати диниро, на ташвиқоти диниро, ин чиз бояд фарқ кунад, яъне ба ҷавонон ва мактаббачагон бояд маърифати динӣ-илмӣ мазҳаби Имоми Аъзам, яъне онҳо бояд донанд, ки мазҳаби Имоми Аъзам чист?, мусулмонӣ чист?, намоз чист?, лекин на ташвиқоти динӣ, бояд яъне муайян ва боҳудуд бошад ва умед мекунам, ки солҳои оянда ин китоб мукаммал шавад  дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ин чиз тавсиф шудааст.”
Хонандаи азиз мо дар поён хабарҳои дигари расонаҳои хабариро дар ин мавзӯъ пешниҳоди Шумо мекунем ва Шумо худ хонда қазоват кунед, ки кадом расона дуруст нашр кардааст..
Бояд қайд кард, ки сарлавҳаҳои хабарҳои мазкур бо рақамгузорӣ ишора шудааст ва Шумо метавонед ссилкаи (истиноди) хабарҳоро аз поёни хабар дарёфт намуда шарҳи бештари  онҳоро хонед. Ҳамчунин Шумо метавонед дар охир сапти аудиоии мизи мудаввари мазкурро гӯш кунед.
 1.Зарурати омӯзиши Ислом
Имомхатиби масҷиди Хуҷанд хостори тадриси Ислом дар мадрасаҳои давлатии Тоҷикистон ва ошноии донишомӯзон бо усули ин дин ва ҷилавгирӣ аз нуфузи афкори гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ шуд.
Ба гузориши хабаргузории Рисолат ба нақл аз “Спутник”, Ибодуллоҳ Калонзода дар мизи гирди “Муқобила бо терроризм ва ифротгароӣ; омили муҳими истиқрори ҷомеаи демократӣ” дар шаҳри Хуҷанд гуфтааст, бояд барои ҷилавгирӣ аз нуфузи афкори террористӣ дар мадрасаҳои давлатии Тоҷикистон риштаи Ислом тадрис шавад. http://risolattj.com/?p=12266
2.Имомхатиби Хуҷанд дар мактабҳо ҷорӣ кардани фанни омӯзиши Исломро пешниҳод кард
Калонзода қайд кард, ки пешниҳоди ҷорӣ кардани чунин фанни таълимӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ яке аз омилҳои муқовимат ба қабули таҳрифшудаи ислом аз ҷониби ҷавонон хоҳад шуд, «то ки ҷавонон муқоиса карда тавонанд, ки исломи асил дар куҷост». https://news.tj/tj/news/tajikistan/society/20180703/imomhatibi-huand-dar-maktabo-or-kardani-fanni-omzishi-islomro-peshniod-kard
3.Имомхатиби Хуҷанд хостори омӯзиши Ислом дар мадрасаҳои Тоҷикистон шуд
Имомхатиби масҷиди Хуҷанд хостори тадриси Ислом дар мадрасаҳои давлатии Тоҷикистон ва ошноии донишомӯзон бо усули ин дин ва ҷилавгирӣ аз нуфузи афкори гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ шуд.
Ба гузориши “Спутник”, Ибодуллоҳ Калонзода дар мизи гирди “Муқобила бо терроризм ва ифротгароӣ; омили муҳими истиқрори ҷомеаи демократӣ” дар шаҳри Хуҷанд гуфтааст, бояд барои ҷилавгирӣ аз нуфузи афкори террористӣ дар мадрасаҳои давлатии Тоҷикистон риштаи Ислом тадрис шавад. http://parstoday.com/tg/news/tajikistan-i36382
4.Имомхатиби Хуҷанд дар мактабҳо ҷорӣ кардани фанни омӯзиши Исломро пешниҳод кард
Калонзода қайд кард, ки пешниҳоди ҷорӣ кардани чунин фанни таълимӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ яке аз омилҳои муқовимат ба қабули таҳрифшудаи ислом аз ҷониби ҷавонон хоҳад шуд, «то ки ҷавонон муқоиса карда тавонанд, ки исломи асил дар куҷост». https://news.tj/tj/news/tajikistan/society/20180703/imomhatibi-huand-dar-maktabo-or-kardani-fanni-omzishi-islomro-peshniod-kard
5.Тожикистонлик имом мактабда Ислом дарси ўтишни таклиф қилмоқда
Хўжандлик имом-хатиб Ибодулло Калонзода ёшларнинг Исломни нотўғри англашларининг олидин олиш мақсадида умумтаълим мактаблари дастурига Ислом динини ўрганиш дарсларини киритишни таклиф қилмоқда. Бу ҳақда “Спутник-Тожикистон” хабар тарқатди. https://azon.uz/content/views/tojikistonlik-imom-maktabda-islom-darsi
6.Ибодулло Калонзода изҳори умедворӣ кардааст, ки ҷорӣ кардани дарси Ислом дар мактабҳои Тоҷикистон самараи хубе хоҳад дод
Имомхатиби масҷиди Нури Исломи шаҳри Хуҷанд Ибодулло Калонзода дар як нишаст дар шаҳри Гулистон пешниҳод кардааст, ки дини Ислом дар мактабҳои Тоҷикистон таълим дода шавад.
 Ба гуфтаи Калонзода, ҷорӣ шудани омӯзиши Ислом дар мактабҳо ҷавононро аз хатари ифротӣ шудан эмин нигаҳ медорад, “ҷавонон худ дарк мекунанд, ки ислом аслӣ чист”.
https://sputnik-tj.com/society/20180703/1026003265.html
Мақсади таҳлили маводҳои мазкур ин пешкаш кардани маълумотӣ ҳақиқӣ ба хонандагон ва пешгирии нодуруст фаҳмонидан мебошад.
МУАЛЛИФ: Фахриддин Фузайлов

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here