Ба дунё инсонҳо ҳамчун одами бад таваллуд намешаванд, балки ба мисли моҳ равшану ба мисоли об тоза таваллуд мешаванд. Одамон ҳанӯз аз лаҳзаи хурдсолӣ дар натиҷаи тарбияи аъзои оила ва таъсири омилҳои беруна ба хуб ё бад ҷудо мешаванд. Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки фарзандон ва дигар атрофиёнамонро ба роҳи хуб тарбия намоем, вагарна рӯзе сахт пушаймон мешавему, вале пушаймони надорад оқибат суд! Барои он, ки дар оянда пушаймон нашавем, пас тарбияи дурусти фарзандон ва атрофиёнро ба роҳ монем. Шояд ба сари Шумо саволе ба миён ояд, ки “барои чӣ фарзандон неву фарзандон ва атрофиён?” ба ин савол Шумо ҷавоби аниқу дақиқро аз ҷумлаҳои поён дарёфт хоҳед кард.
            Фарзанд ба мисли замин аст, агар ба замин ягон донае бипошиву хуб нигоҳу бин кунӣ ҳосили хуб мегирӣ, агар ягон донае напошиву нигоҳу бин накунӣ пас ҳосилашро интозор нашудан беҳ аст. Дар ҳақиқат баъзе аз нафарон фарзандашонро тарбияи хуб намедиҳанд ва ё бепарвоӣ зоҳир менамоянду, лекин аз ӯ бисёр чизҳо умедвор мешаванд. Тавре пештар ҳам қайд намуда будем агар ба фарзанд тарбияи дуруст надиҳем аз ӯ ягон чизи хуб интизор нашуданамон беҳтар аст.
             Чи тавреки мегӯянд “Бо моҳ шини моҳ шавӣ, бо дег шинӣ сиёҳ” аз ин бар меояд, ки агар атрофиёни фарзандатон моҳ (одами хуб) бошанд, пас онҳо хуб мешаванд ва агар дег (одамони бад) бошанд, он гоҳ имконияти бад шуданашон бештар аст. Маҳз барои ҳамин мо набояд танҳо фарзандон, балки атрофиёну наздиконамонро низ тарбия дуруст диҳем.
            Баъзе шахсон барои тарбияи нодуруст доштани фарзандашон дигаронро гунаҳгор менамояд, вале ин ҳолат комилан ғалат аст.
Ба ҷумлаҳои зерин хуб аҳамият дода хонед!
Фарзанди Шумо хонандаи мактаб ё донишҷӯ аст, худ як фикр кунеду ба наздатон саволҳои зеринро гузоред?
  1. Бори охир Шумо кай бо фарзандатон вақт гузаронида будед?
  2. Фарзандатон бо киҳо дустӣ дорад?
  3. Маротибае рӯзнома ва дафтарҳои фарзандатонро тафтиш карда будед?
  4. Шумо кай ба назди муаллими фарзандатон рафта оид ба таълиму тарбияи ӯ пурсон шудед?
  5. Оё Шумо боре аз эҳтиёҷ ва муаммоҳои фарзандатон пурсон шудед?
Мақолаи мазкур то ҳол нопурра аст, Шумо метавонед ба почтаи электронии зерин: fahriddin.fn96@gmail.com ва ё ба телефони +992927341005 маълумот ва ё фикри худатонро пешниҳод карда, барои пурра кардани  он мусоидат кунед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here