ПУШАЙМОНАМ (қисмҳои як ва ду)

0
734

Қисми якум. Вақте, ки ман 14-15 сола будам бо ҳамроҳи рафиқонам ва писари амакам, ки ӯ 18-19 сола буд, барои чаронидани гов ва гӯсфандонамон ба теппачаи назди деҳаамон мерафтем ва дар он ҷо бо ҳамроҳи дигар бачаҳо, ки аксарияташон аз ман калон буданд, ҳар гуна бозиҳо мекардем. Онҳо аксарияташон сигор ва нос истеъмол мекарданд ва бисёри вақт аз сабаби он, ки дар байни онҳо ман хурдсол будам, барои харидории нос ва сигор ба мағозаи дар деҳа буда мефиристоданд ва ман боре ба худ саволе додам, ки “сигор ва нос чи гуна тамъе дошта бошад, ки барои истеъмол кардан баъзан вақт онҳо бетоқат мешаванд?” Боре дар вақти аз мағоза нос ва сигор овардан мехостам яке аз сигорҳоро истеъмол кунам, вале бо тарси он, ки онҳо аз истеъмоли ман хабар меёбанд истеъмол накардам. Ниҳоят рӯзе падарам барои харидани нон ва шакар маблағ доданд ва аз мағоза нон ва шакарро овардам, бақияи пулро ба падарам додам, ки он кас “бигир бачам ба саҳро мерави ягон чизи хуб харида хӯр” гуфтанд, вале ман ҳангоми рафтан ба саҳро аз мағоза ду дона сигор харида дар роҳ дар вақти набудани писари амакам ва дигарон онро ду-се дуд кашидам, ки каме сарам чарх заду дилам беҳузур шуд, ҳамоно дар ҷоям нишастам, намедонам аз чи сабаб бошад бори аввал он ба ман мақул нашуда буд. Сипас писари амакам ва дигар бачаҳо барои дилхушии худашон маро барои сигор кашидан маҷбур карданд, аммо онҳо хабар надоштанд, ки ман пеш аз ин сигор кашида будам, он вақт ман сигорро кашидам ва ба ҳолати аввала дучор нашудам. Ҳамин тавр ман ба сигор кашидан одат кардам. Вақте, ки ман ба сигор кашидан одат кардам дар аввалҳо бо ҳамроҳи писари амакам бо тарси онки касе набинад дар болои теппа, ки дар он ҷо як ғорча буд дар ҳамон ҷо истеъмол мекардем. Аз сабаби онки падарам сахтгир буданду ба ман бисёр маблағ намедоданд, гоҳ-гоҳ аз модарам бо ҳар гуна баҳонаҳо маблағ мегирифтам ва онро барои хароҷоти сигор истифода мебурдам.

Ҳолатҳое мешуд, ки модарам ба ман маблағ намедод, гӯёки ягон чизеро дарк карда бошад, вале ман ягон илоҷашро ёфта аз ӯ маблағ мегирифтам. Аз сабаби онки ягон даромади пулӣ надоштам дар ҳолатҳои маҷбурӣ гоҳ-гоҳ аз киссаи падарам ё модарам напурсида аз онҳо маблағ мегирифтам. Боре падарам аз кам шудани маблағи дар киссаашон буда хабар ёфтанд, вале ман аз сабаби тарсам бошад ва ё бевиҷдониам он гуноҳро ба сари бачаи ҳамсоя бор кардаму аз ҷазо озод шудам. Дар аввалҳо як ду сомонӣ мегирифтам вале рафта-рафта бисёртар мегирифтагӣ шудам. Аз куҷое ба гӯшам аз таъсири бади сигор ба саломатӣ расид, ман бо мақсади он, ки аз истеъмоли сигор даст кашам ба истеъмоли нос майлу хоҳиш пайдо кардам ва вақте, ки ба истеъмоли нос шурӯъ кардам ман на аз нос ва на аз сигор даст кашида тавонистам.

Қисми дуюм. Замоне шуд, ки гов ва гӯсфандонамонро фурӯхтем ва ман аз чаронидани гов гӯсфандон озод шудам. Сипас ман ҷои кор пайдо кардам, ки аз он ҷо маоши хуб мегирифтам. Бо ҳамкоронам ба ҳар ҷой барои истироҳат мерафтем, онҳо ҳам нос ва сигор истеъмол мекарданд ва баъзеашон машруботи спиртӣ ҳам истеъмол мекарданд. Дар вақти истеъмоли машруботи спиртӣ онҳо мегуфтанд, ки гӯё он ба саломатӣ фоида дошта бошад. “Барои саломатӣ гӯён” машруботи спиртиро менӯшиданд. Оҳиста-оҳиста ман ба истеъмоли машруботи сипиртӣ одат кардам. Музди маошамро нисфашро ба падарам медодам ва боқимондаашро ба истеъмоли нос, сигор ва машруботи спиртӣ истифода мебурдам. Пас аз чанд вақт падарам ба ман зан гирифта додани шуданд ва модарам ба духтари ҳамсояаамон хостгор шуда ба хонаашон бо рафтани пай дар пай онҳоро розӣ кунонид, вале онҳо аз нос, сигор ва машруботи спиртӣ истеъмол карданам бохабар набуданд.  Барои тӯй аз роҳбари корхонаам як моҳ рухсатӣ гирифта будам. Дар аввалҳо тӯли 30-35 рӯз ман бо ҳамсарам хушбахт будам ва ҳамин, ки ман баъди рухсатӣ ба кор рафтанро аз нав сар кардам боз ба истеъмоли мунтазами машруботи спиртӣ оғоз кардам. Ҳар рӯз пас аз кор ба марказҳои дилхушӣ рафта ба хона дер меомадам, гар чанде ки аз тӯйамон дере нагузашта бошад ҳам, вале ҳар шаб бо ҳамсарам ҷангу ҷанҷол мекардем. Боре падар ва модарам аз ин ҳолати ман бохабар шуда маро сахт сарзаниш карданд, вале ман дар наздашон ба гуфтаҳояшон сарамро хам карда истодаму, боз корҳои пешинаро идома додан гирифтам. Рафта-рафта аз ин ҳолатҳои майзадагии ман хешу табор, ҳамсояҳо ва роҳбари корхонаам бохабар шуданд. Рӯзе ман дар ҳолати мастӣ ба кор рафтам ва роҳбари корхона ба ман танбеҳ дод. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда ман боз ба марказҳои дилхушӣ мерафтам машруботи спиртӣ менӯшидам. Ҳатто рӯзе як шахс ба наздам омада пешниҳоди харидорӣ кардани маводи нашъадорро кард ва ман он рӯз маош гирифта будам қариб ба нисфи маошам онро харидам ва як бор истеъмол кардам. Минбаъд ман ба истеъмоли маводҳои нашъадор хоҳиш пайдо кардам, вале он хеле қимат буд, ман барои ба даст овардани он ба ҳама кор розӣ будам. Молҳои корхонаро барои ба даст овардани маводи нашъадор дуздида мефурӯхтам, ва ҳолатҳое шуда буд, ки ҳатто ба хона намерафтам, аз ин сабабҳо ҳамсарам аз ман рӯй гардонда, ҳозир бошад аз ман ҷудо аст, яъне дар хонаи модараш. Рӯзе барои дуздиам маро аз корхона пеш карданд ва дигар аз ҳеҷ куҷо пул дарёфт карда наметавонистам.

Аллакай ман ба бемории нашъамандӣ гирифтор шуда будам, дар вақтҳои хумори истеъмоли маводи нашъадор гирифтанаш аъзои бадан ва сарамро дарди ҷонхароше фаро мегирифт ва ман аз ягон ҷой пул намеёфтам, ки маводи нашъадор харидорӣ намуда истеъмол кунам. Ҳатто падар ва модарам аз ман рӯй гардонида маро ба хона роҳ надоданд ва ман шабҳо дар кӯчаҳо хоб мекардаму рӯз ба гадоӣ машғул мешудам, пулҳое, ки ба даст меовардам ба истеъмоли маводи нашъадор намерасид, вале барои истеъмоли машруботи спиртӣ мерасид. Бадтар ба беморхона барои дарди пой ва миён муроҷиат карда фаҳмидам, ки ман ба бемории марговари Вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО) (ВИЧ СПИД) гирифтор шудаам. Аз табибон фаҳмидам, ки сабаби бемориам истеъмоли маводи нашъадор мебошад. Аз сӯҳбати пинҳонии духтурон ба ман маълум шуд, ки гӯё умрам шаш-ҳафт моҳ боқи мондааст.

Хулоса сабаби падар ва модарам аз ман рӯй гардониданшон, бехона монданам, аз ҳамсарам ҷудо шудан, ва ба бемории марговарӣ ВНМО (ВИЧ СПИД) гирифтор шуданам ин истеъиоли сигор, нос, машруботи спиртӣ ва маводҳои нашъадор мебошад, ки ин ҳама аз истеъмоли сигор оғоз шуд, ки дар аввал ба назар як чизи оддӣ менамояд. Ба фикрам ҳоло дар ҷаҳон ба монанди ман шахсон бисёранд ва ҳоло аз кирдорҳои худ пушаймонанду вале аллакай дер шудааст. Ба он нафароне ки бори аввал сигор, нос ва дигар чизҳои ба саломатӣ зарарнокро истеъмол кардан мехоҳанд ва ё истеъмол кардаанду ҳоло аз кирдорҳояшон пушаймонанд, ҳамчун дуст, тавсия медиҳам, ки дигар асло сигор нос ва дигар маводҳои зарарнокро истеъмол накунанд.

Ба хотир гиред: Ҳатто баъзеҳо барои он, ки Шуморо ба истеъмоли  нос, сигор, машруботи спиртӣ ва ё маводи нашъдор одат кунонанд аз ибораҳои зерин истифода мебаранд: “Магар ту мард нестӣ? Чаро метарсӣ? Мо истеъмол кардосем ҳеҷчиз нашудаемку!”. Вале Шумо дар ҷавоб гуфта метавонед, ки “мард он касест, ки дар ҳама ҳолат худашро идора карда метавонад!”

Шумо метавонед савол ва пешниҳодатонро тавассути почтаи электронии зерин: fahriddin.fn96@gmail.com ва ё ба телефони +992(92)7341005 ирсол намоед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here