Вақте, ки ман 14-15 сола будам бо ҳамроҳи рафиқонам ва писари амакам, ки ӯ 18-19 сола буд, барои чаронидани гов ва гӯсфандонамон ба теппачаи назди деҳаамон мерафтем ва дар он ҷо бо ҳамроҳи дигар бачаҳо, ки аксарияташон аз ман калон буданд, ҳар гуна бозиҳо мекардем. Онҳо аксарияташон сигор ва нос истеъмол мекарданд ва бисёри вақт аз сабаби он, ки дар байни онҳо ман хурдсол будам, барои харидории нос ва сигор ба мағозаи дар деҳа буда мефиристоданд ва ман боре ба худ саволе додам, ки “сигор ва нос чи гуна тамъе дошта бошад, ки барои истеъмол кардан баъзан вақт онҳо бетоқат мешаванд?” Боре дар вақти аз мағоза нос ва сигор овардан мехостам яке аз сигорҳоро истеъмол кунам, вале бо тарси он, ки онҳо аз истеъмоли ман хабар меёбанд истеъмол накардам. Ниҳоят рӯзе падарам барои харидани нон ва шакар маблағ доданд ва аз мағоза нон ва шакарро овардам, бақияи пулро ба падарам додам, ки он кас “бигир бачам ба саҳро мерави ягон чизи хуб харида хӯр” гуфтанд, вале ман ҳангоми рафтан ба саҳро аз мағоза ду дона сигор харида дар роҳ дар вақти набудани писари амакам ва дигарон онро ду-се дуд кашидам, ки каме сарам чарх заду дилам беҳузур шуд, ҳамоно дар ҷоям нишастам, намедонам аз чи сабаб бошад бори аввал он ба ман мақул нашуда буд. Сипас писари амакам ва дигар бачаҳо барои дилхушии худашон маро барои сигор кашидан маҷбур карданд, аммо онҳо хабар надоштанд, ки ман пеш аз ин сигор кашида будам, он вақт ман сигорро кашидам ва ба ҳолати аввала дучор нашудам. Ҳамин тавр ман ба сигор кашидан одат кардам. Вақте, ки ман ба сигор кашидан одат кардам дар аввалҳо бо ҳамроҳи писари амакам бо тарси онки касе набинад дар болои теппа, ки дар он ҷо як ғорча буд дар ҳамон ҷо истеъмол мекардем. Аз сабаби онки падарам сахтгир буданду ба ман бисёр маблағ намедоданд, гоҳ-гоҳ аз модарам бо ҳар гуна баҳонаҳо маблағ мегирифтам ва онро барои хароҷоти сигор истифода мебурдам. Ҳолатҳое мешуд, ки модарам ба ман маблағ намедод, гӯёки ягон чизеро дарк карда бошад, вале ман ягон илоҷашро ёфта аз ӯ маблағ мегирифтам. Аз сабаби онки ягон даромади пулӣ надоштам дар ҳолатҳои маҷбурӣ гоҳ-гоҳ аз киссаи падарам ё модарам напурсида аз онҳо маблағ мегирифтам. Боре падарам аз кам шудани маблағи дар киссаашон буда хабар ёфтанд, вале ман аз сабаби тарсам бошад ва ё бевиҷдониам он гуноҳро ба сари бачаи ҳамсоя бор кардаму аз ҷазо озод шудам. Дар аввалҳо як ду сомонӣ мегирифтам вале рафта-рафта бисёртар мегирифтагӣ шудам. Аз куҷое ба гӯшам аз таъсири бади сигор ба саломатӣ расид, ман бо мақсади он, ки аз истеъмоли сигор даст кашам ба истеъмоли нос майлу хоҳиш пайдо кардам ва вақте, ки ба истеъмоли нос шурӯъ кардам ман на аз нос ва на аз сигор даст кашида тавонистам.

Шумо метавонед савол ва пешниҳодатонро тавассути почтаи электронии зерин: fahriddin.fn96@gmail.com ва ё ба телефони +992(92)7341005 ирсол намоед.

 

МУАЛЛИФ: Фузайлов Фахриддин

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here