Санаи 9-уми августи соли 2018 бо ташаббуси роҳбарияти Мактаб-интернати шаҳри Бӯстон ва Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” таълимгирандагони Мактаб-интернати мазкур барои сайругашти як рӯза ба истироҳатгоҳи “Парасту”, ки дар ноҳияи хушманзараи Шаҳристон ҷойгир аст сафарбар карда шуданд. Дар он ҷо шахсони масъул аз Мактаб-интернат ва аз Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” иштирок доштанд. Дар вақти сайру гашт бо таълимгирандагон аз тарафи намояндагони ташкилоти ҷамъиятии номбурда бозиҳои гуногун гузаронида шуд, ки ин маҳз барои хурсандии кӯдакон равона карда шуда буд. Аз рӯи мушоҳидаҳои намояндагони ташкилоти ҷамъиятии мазкур дар натиҷаи сайру гашт таъби таълимгирандагон хело болида гардида ва хурсандии онҳо ҳадду канор надоштанд.

Шоми ҳамон рӯз таълимгирандагон ба Мактаб-интернат бар гардонида шудаанд.

МУАЛЛИФ:Фахриддин Фузайлов

 

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here