ОЗМУН

бахшида ба 70-солагии “Рӯзи ҳуқуқи инсон” ва 20-солагии “Рӯзи ҳомиёни ҳуқуқ”

Шумо лаёқати ЭССЕНАВИСИ ва ё РАСМКАШИ дореду намедонед худро дар куҷо санҷед? Барои Шумо Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” озмуни “кашидани расми беҳтарин” ва “навиштани эссеи беҳтарин”-ро эълон менамояд.

Ғолибони озмун бо ТӮҲФАҲО қадрдони карда мешаванд.

Талаботҳо барои навиштани эссе:

  • Эссе бояд дар мавзӯи “Баробарии инсонҳо” бошад;
  • Эссе бояд бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ё англисӣ навишта шавад;
  • Эссе бояд аз 500 калима зиёд набошад;
  • Эссеро бояд шахси аз 8 то 35-сола нависад.

Талаботҳо барои тасвири расм:

  • Расм бояд фарогири мавзӯи “Озодии инсонро тасвир намо” бошад;
  • Андозаи расм озод аст, яъне варақи А4, А3, А2, А1, ватман ва.ғ.;
  • Расмро бояд шахси аз 8 то 35-сола тасвир кунад.

Иштирокчиёни озмун бояд то санаи 20 октябри соли 2018 эссе ва ё расмро ба мо дастрас намоянд. Аз санаи 20 октябр то 1 ноябр комиссия онро дида мебарояд ва ғолибон муайян карда мешаванд. Ҳатто эссе ва ё расми Шумо ба намоишҳо гузошта мешавад.

Суроғаҳои мо:

Шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Айнӣ 19, ҳуҷра 7.

Телефон: +992(88)3889927,   +992(92)8700108

 Шаҳри Хуҷанд, хиёбони И.Сомонӣ 183 а, утоқи 8.

Телефон: +992(92)7341005

Почтаи электронӣ: ozmun.dosh@gmail.com

Диққат!!! Диққат!!! Диққат!!! ОЗМУНИ КАШИДАНИ РАСМ ВА НАВИШТАНИ ЭССЕ

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here