Имрӯз дар “Маркази рушди ҷавонон”-и назди Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии аввалин бо гурӯҳи нави “Ҷавонони ташаббускор” доир гардид, ки дар он шахсони масъул Сӯҳроб Собиров ва Назарҷон Мӯминов дар бораи лоиҳаи “Дастгирии ташаббусҳои ҷавонон” маълумотҳо дода ҳамчунин, ба ҷавонон вобаста ба мақсад ва моҳияти лоиҳаи мазкур фаҳмонида доданд.
Дар вохӯрии мазкур, инчунин иштирокчиёни лоиҳаи “Дастгирии ташаббусҳои ҷавонон”-и соли гузашта низ ширкат варзида вобаста ба семинар, тренинг ва чорабиниҳои соли гузашта гузаронида шуда ба иштирокчиёни минбаъда маълумотҳо доданд.
Вобаста ба аксияи хайриявӣ, ки санаи 30 сентябри соли 2018 гузаронида мешавад ба саҳми ҳозирин расонида шуд, ки аксарияти онҳо ба ин кори хайр омода мебошанд.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here