Аксияи хайриявӣ таҳти унвони “ДАСТИ МАДАД”

0
327

Санаи 30-юми сентябри соли 2018, аксияи хайриявӣ ба накша гирифта шудааст.
Мақсади аксия: Кӯмак барои табобати кӯдакони бемории Фалаҷи майнавӣ дошта (Марям, Зайнаб ва Оиша) ва расонидани ёрӣ барои ҷамъоварии ҳосили пахта.
Аксияи мо чунин аст: Ҳамаи хоҳишмандон ба майдони пахта рафта ба ҷамъоварии пахта саҳм мегузорем ва ҳамаи маблағи аз ҷамъоварии пахта ба даст овардаамон барои табобати Марям, Зайнаб ва Оиша, ки аъзои як оила мебошанд сарф карда мешаванд.
Ба аксия ҳама иштирок карда метавонанд.
Барои иштирок дар аксия Шумо бояд:
– хоҳиш дошта бошед;
– барои пахта чидан доман (линга) дошта бошед;
– санаи 30 юми сентябри соли 2018 соати 7:00 ба назди Кохи Рӯдакӣ ҳозир шавед.
Бо ин иқдом мо ҳам ба деҳқон барои ҷамъоварии пахта ва ҳам барои табобати духтаракони бемор саҳми худро мегузорем.
Аксия аз ҷониби Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкори бо Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Дунёи меҳр” ба муносибати 70-солагии Эъломияи умумии ҳуқуқи башар равона гардидааст.
Нисбати кори хайр бетараф набошед!
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва худро номнавис кардан ба рақами 928228262 занг занед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here