Ҳуқуқи дастраси ба иттилоот

0
586

Ҳамасола дар ҷаҳон “Рӯзи байналмилалии дастраси ба иттилоот” ҷашн гирифта мешавад.

Дар Тоҷикистон санаи 8 июни соли 2008 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот” бо мақсади фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ барои амалӣ гардонидани ҳуқуқи ҳар шаҳрванд ба ҷустуҷӯи озодонаи иттилоот ва ба даст даровардани он, ҳамчунин таъмини ошкорои иттилоотии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилоту мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот қабул карда шудааст.

Ҳамчунин дар моддаи моддаи 7-и қонуни мазкур тарзу усулҳои амалӣ кардани ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот муайян карда шудааст:

  1. Дастрасӣ ба иттилоот бо тарзи зайл таъмин карда мешавад:

а) ҳатмӣ будани расонидани иттилоот ба маълумоти умум;

б) қонеъ гардонидани дархости шахсони ҷудогона ва дастаҷамъона ба иттилоот.

  1. Тартиби ҳатман ба маълумоти умум расонидани иттилоот бо қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии мутобиқи онҳо қабулгардида муайян карда мешавад.

Мақомоту ташкилотҳо, шахсони мансабдори онҳо вазифадоранд дар ҳама ҳолат бо тамоми воситаҳои мавҷуда иттилооти ба онҳо маълумгардидаро дар бораи ҳолату вазъияте, ки ба амнияти ҷомеа, ҳаёт ва саломатии мардум таҳдид менамоянд, ба маълумоти умум бетаъхир расонанд.

  1. Иттилоот ба самъи умум бо роҳи дар нашрияҳои махсус чоп кардани ҳуҷҷатҳои расмӣ, ҷойгир намудани онҳо дар маъхазу манбаъҳои маълумоти дастраси доираи номаҳдуди ашхоси манфиатдор расонида мешавад.
  2. Шахси манфиатдор метавонад иттилоотро аз рӯи дархост бо тарзҳои зайл дастрас намояд:

а) шинос шудан бо ҳуҷҷатҳои расмие, ки дорои иттилооти дархостшудаанд;

б) гирифтани нусхаи ҳуҷҷати дахлдор ё иқтибос аз он; гирифтани маълумотномае, ки дорои иттилооти матлуб аст; шифоҳӣ воқиф гардидан аз мазмуни иттилооти дархостшаванда;

в) воқиф гардидан аз манбае, ки дар нашрияи расмӣ иттилооти дархостшударо чоп кардааст.

  1. Аз иттилооти дархостшуда ҳамчунин  ба тарзи шифоҳӣ воқиф гардидан ё онро хаттӣ, аз ҷумла бо истифодаи технологияҳои электронӣ пешниҳод кардан мумкин аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here