Санаи 30.09.2018 27-нафар “Ҷавонони ташаббускор”-и назди Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд барои ҷамъоварии ҳосили пахта ба марди деҳқон кӯмак намуданд ва маблағҳои аз пахтачинӣ ба даст омада барои табобати се духтаракони бемории “фалаҷи майнаи сар” дошта пешниҳод карда мешавад.

Аксия аз ҷониби Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкори бо Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Дунёи меҳр” ба муносибати 70-солагии Эъломияи умумии ҳуқуқи башар равона гардидааст.
Аксияи мазкур дар яке аз майдонҳои пахта, ки ба Аламуродов Наимҷон Маҳмудович таалуқ дошта дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров, ҷамоати Унҷӣ, бригадаи 35-ум ҷойгир аст гузаронида шуд. Дар фарҷом Аламуродов ба ҳамаи иштирокчиёни аксия исҳори миннатдорӣ баён намуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here