Гузаронидани тренинг дар мавзӯъи “Волонтёр ва фаъолияти волонтёрӣ”

0
382

Имрз, яъне санаи 20-уми октябри соли 2018 дар “Маркази рушди ҷавонон”-и назди Филиали ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд, тренинг дар мавзӯи “Волонтёр ва фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронида шуд. Тренинги мазкур дар ду баст, бо назардошти вақти таҳсил, яъне басти якум аз соати 9:00 то 11:00 ва басти дуюм аз соати 15:00 то 17:00 гузаронида шуд.

Тренингро яке аз тренери бо таҷриба, корманди ФТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд-Назарҷон Мӯминов гузаронида, аз рӯи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳумҳои волонтёр, фаъолияти волонтёрӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои волонтёр, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ташкилоти ҷалбкунандаи волонтёр ва дигар нозукиҳои вобаста ба мавзӯъро ба ҳозирин фаҳмонид.

Ба тренинг дар маҷмӯъ 21 нафар иштирокчиёни фаъоли “Ҷавонони ташаббускор” иштирок дошатанд. Ҳамзамон иштирокчиён дар вақти тренинг савол ва пешниҳодҳояшонро пешниҳод намуда ба онҳо посухҳо гирифтанд.

Аксҳоро аз рафти тренинг ба Шумо пешниҳод мекунем.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here