Гузаронидани тренинг оид ба психология

0
425

Имрӯз дар “Маркази рушди ҷавонон”-и назди Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд тренинг доир ба психология гузаронида шуд. Дар тренинг 20 нафар аз “Ҷавонони ташаббускор” иштирок намуданд. Тренинги мазкур аз ҷониби ФТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ташкил карда шуда, дар он Кодирова Нигора -иштирокчии фаъоли Лоиҳаи “Дастгирии ташаббусҳои ҷавонон” тренерӣ намуд.

Дар вақти тренинг Кодирова Нигора  ба иштирокчиён оиди психология маълумотҳои умумӣ дода, сипас ба онҳо вазифаи инфиродӣ, яъне “Тасвир намуданӣ оилаи худ”-ро дод. Ҳамчунин тренер вазифаи иҷронамудаи иштирокчиёнро дар алоҳидагӣ ба худи онҳо таҳлил намуда, вазъи оилавиашоро иброз намуд.

Ба нақша гирифта шуд, ки ҳар ҳафта рӯзи сешанбе аз соати 09:00 то 11:00 ва аз 15:00 то 17:00 тенингҳо доир ба психология гузаронида мешавад.

Шумо низ имконияти иштирок дар тренингҳоро доред.

Суроғаи “Маркази рушди ҷавонон”:

Вилояти Суғд, ш.Хуҷанд, хиёбони И.Сомонӣ 183 а, утоқи 8 а

Телефон +992(93)3331803

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here