Баргузории тренинг дар мавзӯъи “Конститутсия-бахтномаи миллат”

0
403

Бахшида ба “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” имрӯз, яъне санаи 5-уми ноябри соли 2018, соати 14:00 дар “Маркази рушди ҷавонон” – и   назди Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд тренинги омӯзишӣ дар мавзӯъи “Конститутсия-бахтномаи миллат” баргузор гардид.

Тренинг бо иштироки 15-нафар “Ҷавонони ташаббускор” гузаронида шуд.  Дар тренинг ҷавонон фаъолона иштирок намуда, бо тренер оид ба мавзуъ саволу ҷавобҳо доир намуданд.

Ҳамчунин бо иштирокчиён бозиҳои интелектуалӣ гузаронида шуд, ки он бевосита ба фаҳмиши Конститутсия равона гардидааст.

Тренинги мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи савияи дониши ҳуқуқии ҷавонон равона карда шуда, ба иштирокчиён дар рафти тренинг мафҳуми Конститутсия, таърихи қабул ва инкишоф, асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд фаҳмонида дода шуд.

Тренинг аз ҷониби иштирокчии фаъоли “Лоиҳаи дастгирии ташаббусҳои ҷавонон”, омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи МТМУ № 27-и ҷамоати Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров-Мухторзода Шаҳноза гузаронида шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here