Шоу КОНСЕРТИ хайриявӣ

0
444

Санаи 24-ноябри соли ҷорӣ, соати 12:00 дар “Кохи Рӯдакӣ” шоу консерти ХАЙРИЯВӢ, бо иштироки сарояндаҳои ансамбли эстрадии “Садои Суғд” баргузор мегардад.

Хоҳишмандон чиптаҳоро ба рақами 928228262 занг зада дастрас намоед.

Маблағи чиптаҳо барои табобати духтараки 6-сола Баротзода Гулсанам ва кӯмак намудан ба 10 оилаҳои ниёзманд равона мегардад.

Консерти мазкур аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Дунёи Меҳр” ва Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии Кохи Рӯдакӣ, бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ташкил карда шудааст.

Ҳамчунин пеш аз оғози консерт аз соати 09:30 намоиши расм ва эссеҳои беҳтарин баргузор мегардад.

Барои фурӯши чиптаҳо як гурӯҳ ҷавонони фаъоли “Ҷавони ташаббускор” саҳми худро гузошта истодаанд.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here