Ҷашн гирифтани “Рӯзи байналмилалии ВОЛОНТЁРОН” дар Маркази рушди ҷавонон

0
488

Имрӯз, санаи 5-уми декабри соли 2018 аз соати 15:00 дақиқа то 18:30 дар “Маркази рушди ҷавонон”-и назди Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд, “Рӯзи байналмилалии волонтёрон” бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд.

 

Чорабинии мазкурро як намояндаи Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд – Назарҷон Муминов бо суханони худ оғоз намуда, ҳозиринро бо “Рӯзи байналмилалии волонтёрон” табрик ва муборакбод намуд.

Суханронии Назарҷон Мӯминов
Суханронии Собиров Сӯҳроб

Ҳамчунин, Собиров Сӯҳроб намояндаи дигари Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд саравал ба ҳозирин доир ба мафҳуми волонтёр, волонтёр дар таносуб бо дигар давлатҳо ва каме аз таърихи волонтёр суханҳо гуфта, ҳамзамон бошандагонро бо ин ҷашн табрик ва таҳният намуд.

Саидшои Муҳаммадӣ

Саидшоев Муҳаммадӣ, як волонтёри фаъол ва таҷрибадор дар бобати чи тавр худ волонтёр шуданаш ҳарф зада, ҳамчунин диққати иштирокчиёнро бо номбар намудани дастовардҳои волонтёрии худ ҷалб намуд.

 

Бо мақсади онки чорабинии мазкур ҷолибу хотирмон гузарад, ташкилкунандагон тасмим гирифтаанд, ки гурӯҳи “Ҷавонони ташаббускор”-ро ба чор гурӯҳ муттаҳид намоянд ва онҳоро барои  хондани сурудҳо (караоке), рақасу бозӣ даъват намоянд. Иштирокчиёни ҳамаи гурӯҳҳо хело фаъол ва боистеъдод буда, аз уҳдаи чунин шартҳо хело хуб баромаданд.

Акс дар вақти хондани суруд

Дар рафти чорабинӣ яке аз шахсони фаъоли гурӯҳи “Ҷавонони ташаббускор”- Носиров Баҳром барои иштироки фаъол дар чорабиниҳо ва гузоштани саҳми арзанда барои ташкил намудани чорабиниҳо аз ҷониби намояндагони ФТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” бо “ИФТИХОРНОМА” ва дигар тӯҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.

Супоридани тӯҳфа ба Носиров Баҳром

Ҳамчунин ба иштирокчиёни фаъоли гурӯҳ аз ҷониби ташкилкунандагон сертификат оиди ҳуқуқи иштироки бепул дар бозии “Пейнбол” ки санаи 8-уми декабр, соати 15:00 баргузор мегардад, тӯҳфа карда шуд.

Чорабинии мазкур бо дастгирии молиявии Роҳбарияти Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ташкил ва гузаронида шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here