“Ҷавонони ташаббускор”-иштирок дар Т Р Е Н И Н Г И “Чӣ тавр сохтани нақша барои соли 2019”

0
416

Санаи 3 январи соли ҷорӣ дар ошиёнаи дуюми “Khudjand-Star”, ки воқеъ дар шаҳри Хуҷанд мебошад трениги омузишӣ дар мавзӯъи “Чӣ тавр сохтани нақша барои соли 2019” аз ҷониби, яке аз тренерони соҳибтаҷриба суханвар, соҳибкори муваффақ, мушовири молиявӣ-Рустам Раҳматулло гузаронида шуд.
Дар трекнинги мазкур наздик 150-нафар ширкат варзиданд аз онҳо тақрибан 85% ҷавонон буданд, аз ҷумла 12-нафар “Ҷавонони ташаббускор”-и назди Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” иштирок намуданд.
Тренинг бо суханони ифтитоҳии Рустам Раҳматулло оғоз гардида. дар рафти тренинг аз усул ва методҳои гуногуни ба мавзӯъ хос истифода намуда ҳозиринро бо мазмун ва моҳияти мавзӯъ шинос намуд. Бо боварии комил гуфта мешавад, ки тренинги мазкур хело ба иштирокчиён, махсусан ба ҷавонон муфид буд. Маҳз ҳамин буд, ки пас аз анҷоми тренинг низ иштирокчиёни зиёде аз назди Тренер-Рустам Раҳматулло дур нарафта маслиҳатҳо мегирифтанд ва суолу ҷавобҳо мекарданд.
Дар баромадгоҳ китобҳое, ба намоиш ва фурӯш бароварда шуда буданд, ки бисёри аз иштирокчиён аз онҳо харидорӣ намуда аллакай ба гуфтаи худашон ба якчанд муваффаққиятҳо ноил гардиданд.

“Ҷавонони ташаббускор”, ки асосан ба корҳои хайру эҳсонкорӣ ва умуман ба пешравии давлату ҷамъият, инчунин такмили донишҳои шахсии худ машғуланд аз иштирок дар чунин тренинг бетараф буда наметавонанд бинобар ин иштирок дар тренингҳои минбаъдаи Рустам Раҳматулло бесаброна интизор ҳастанд.
Мо барои ташкил ва гузаронидани чунин тренингҳо сипоси беандозаи худро ба Рустам Раҳматулло мерасонем
Мехоҳед шахси фаъол, муваффақ, кордон ва соҳибкори асил бошед? Пас ба тренингҳои Рустам Раҳматулло ширкат варзед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here