Бозии дустонаи ВОЛЕЙБОЛ байни гурӯҳи “Ҷавонони ташаббускор”

0
421

Бо ташаббус ва иптикори Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд, рузи 9-уми январи соли ҷорӣ бозии волейбол ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он 22-нафар ҷавонон аз гурӯҳи “Ҷавонони ташаббускор” иштирок намуда бозии дӯстона намуданд. Гуфтва мешавад ташкили бозии мазкур ин баҳри ҳифзи солимии ҷавонон ва ҷалби аҳолӣ ба варзиш мебошад.

Саравал корманди Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, треренер оид ба волейбол-Назарҷон Мӯминов ба иштирокчиён оиди нозукиҳои бозии волейболро фаҳмонида дода, сипас ҷавононро ба якчанд гурӯҳ муттаҳид намуда, бозиро оғоз намуд.

Дар нақша ҳаст, ки ҳар ҳафта рӯзи чоршанбе чунин бозиҳои дӯстона доир гардад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here