Тренинг оид ба “Ҳуқуқи меҳнат”

0
328

Имрӯз, санаи 26-уми феврал дар “Маркази рушди ҷавонон”-и назди Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки васеъи гуруҳи волонтёрони “Ҷавонони ташаббускор” тренинг оиди яке аз соҳаҳои муҳими ҳуқуқ “Ҳуқуқи меҳнат” гузаронида шуд.

Тренинги мазкур аз ҷониби корманди ФТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд, ҳуқуқшинос-Назарҷон Мӯминов гузаронида шуда, оид ба мавзуҳои вобаста ба мафҳуми меҳнат, корманд, корфармо, вақти корӣ, вақти истироҳат, шартномаи меҳнатӣ ва ғайра ба ҷавонон фаҳмонид.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here