Шоми шеър платформаест, ки дар он ҳама шеърҳои дӯстдоштаи худро мехонанд ва ба шеърҳои зебою пурмаънии иштирокчиёни дигар гӯш медиҳанд. 02.02.2020 дар он вақте, ки дигарон дар рӯзи якшанбе истироҳат мекарданд, мо як шоми шеърро барпо намудем. Шеър хондем, ба шеърхонии дигарон гӯш додем ва аз фазои ғайриоддии шомамон лаззат бурдем.

Инчунин, пас аз шоми шеър, бозии Крокодилчикро кардем. Яке аз бозиҳои дӯстдоштаи ман мебошад, ки иштирокчиёнро муттаҳид намуда, рӯҳияи гурӯҳиро рушд медиҳад.

P.s рӯзи оинавӣ бисёр хубу бомуваффақият гузашт))

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here