Тӯли ин ҳафта низ аз рӯи нақша-чорабиниҳо дар “Маркази рушди ҷавонон”-и назди ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” барои волонтёрони “Ҷавонони ташаббускор” ва инчунин хоҳишмадон тренинг-машғулиятҳо, вохӯри бо шахсиятҳои намоён, клуби мусоҳиба бо забони англисӣ, шоми шеърхонӣ, киноклуб ва аксияи экологӣ гузаронида шуд.

Бахшида ба ҷашни 141 солагии бунёдгузори адабиёти шуравии тоҷик,шоир, нависанда, олим, академик ва нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951-1954), Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айни «Шоми шеър» гузаронида шуд, ки дар он ҷавонон аз эҷодиёти С. Айни ва дигар шоирони классику муосири миллати тоҷик, рус ва англис шъру ғазалҳо хонданд.

Инчунин чун ҳарҳафтаина дар ин ҳафта низ клуби мусоҳибавии англисӣ бо роҳбарии Эмомалӣ Мирзоев баргузор гардид.

 

 

Санаи 25 апрел бошад вохурӣ бо яке аз шахсият ва ҷавонӣ муваффақи ҷомеа бо директор ва муассиси «Алиф сармоя» — Абдулло Қурбонов баргузор гардид, ки дар он ҷавонон саволҳо дода ба онҳо ҷавоб ва маслиҳатҳои заруриро ба худ гирифтанд.

Санаи 26 бошад «Киноклуб» баргузор гардид,ки дар он низ натанҳо волонтёрони «Ҷавонони ташаббускор» балки тамоми хоҳишмандон иштирок карданд.

Санаи 28 апрел бошад, аксияи экологии “Якҷоя муҳитро ҳифз мекунем” гузаронида шуд. Аксияи мазкур аслан аз рӯи нақша санаи 21-уми апрел бахшида ба  Рӯзи пойтахт ва Рӯзи Замин гузаронида мешуд, аммо аз сабаби боридани борони шиддатнок ба санаи 28 апрел гузаронида шуд.

Мақсади асосии аксия ин тоза сохтани ҷойҳои ҷамъиятӣ аз партовҳои маишӣ, ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани ҳисси дустдории табиат мебошад. муфассалтар дар бораи аксия аз инҷо хонда метавонед: http://portal.freedom.tj/tj/2019/04/28/aksiyai-ekologii-yakjoya-muhitro-hifz-mekunem/

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here