Ҷавононро нерӯи пешбарандаи ҷомеа мегӯянд. Ин аст, ки фаъол будани ин қишри ояндасоз муҳим дониста мешавад. Ғояҳои фаъолгардонии ҷавонон маҷмӯи восита ва ё тадбирҳое маҳсуб меёбад, ки барои рушди ҳамаҷонибаи насли ҷавон равона карда мешавад. Маълум аст, ки 70 % и аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ин лиҳоз, пешрафт ва тараққиёти давлат маҳз ба сатҳи фаъолнокии ҷавонон вобастагӣ дорад. Сатҳи фаъолнокии ҷавонон аз рӯйи маърифат, дараҷаи донишҳои замонавӣ, забондонӣ ва зиракии сиёсӣ муайян карда мешавад. Дар шароити кунунӣ ҷиҳати фаъолтар гардонидани насли ояндасози кишвар ҷавонон ғоя ва чораҳои мушаххас андешида мешавад. Дар ин раванд фароҳам овардани шароити комили таҳсил ва дастрасии ҷавонон технологияҳои муосир қадами муҳимтарин дар роҳи густариш додани ғояҳои фаъолгардонии ҷавонон ба шумор меравад.

Ба таври тартибӣ ғояҳои фаъолгардонии ҷавононро метавон ба намуди зайл ифода кард:

  1. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон
  2. Қувват бахшидани нерӯи ҷисмонии онҳо
  3. Мусаллаҳ будани ҷавонон бо донишҳои муосир
  4. Фаро гирифтани ҷомеаи ҷавонон бо илмҳо
  5. Забондонӣ
  6. Маърифатнокии психиологӣ
  7. Имконият фароҳам овардан ҷиҳати амалӣ намудани идеяҳои ҷавонон
  8. Ғанӣ гардонидани фонди луғавии ҷавонон
  9. Инкишоф додани нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ
  10. Васеъ намудани ҷаҳонбинии ҷавонон
  11. Зиракии сиёсӣ
  12. Баланд бароштани дониши динии ҷавонон
  13. Дастрасии ҷавонон ба технологияҳои муосир
  14. Густариш додани робитаҳои коммуникативии ҷавонони дохил бо ҷавонони хориҷи кишвар
  15. Васеъ намудани доираи иштироки ҷавонон ба семинар машваратҳои омӯзишӣ

Ҷиҳати густариш додани қобилияти фаъолнокии ҷавонон дар шароити кунунӣ зарур аст, савияи дониши дунявӣ ва динии ҷавонон баланд бардошта шавад. Гуфтан мумкин аст, маҳз бо роҳандозӣ намудани ин ғоя метавон ба фаъолтар гардидани ҷавонон мусоидат намуд. Гузашта аз ин, таъмини иштироки қишри ояндасози ҷомеа ба ҳаёти сиёсии кишвар аз ғояҳои муваффақ дар самти фаъол намудани нерӯи ҳамаҷонибаи ҷавонон маҳсуб мешавад. Дар замони муосир нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа калидӣ дониста мешавад. Ин аст, ки ҳар қадар иштироки ҷавонон дар чорабиниҳои мухталифи давлатӣ таъмин гардад, ҳамон андоза ғояҳои фаъолнокии ҷавонон дар амал татбиқ хоҳад гашт. Танҳо бо таваҷҷуҳ ва дастгирии ҳамаҷониба метавон фаъолияти ҷавононро вусъат ва қувват бахшид. Вақте мо ҷавононро иқтидори воқеии пешрафти давлат арзёбӣ мекунем, пас бояд донем, ки амалисозии ғояҳои фаъолнокии ҷавонон воситаи калидӣ ва нодири тараққиёти миллат ва давлат аст.

Муаллиф:    Меҳрангез Ҳомидова

Шаҳри Хуҷанд

ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров,

факултаи “Филалогияи тоҷик”

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here