Ҳамкории ҷавонон бо давлат ва ташкилотҳои байналхалқию ҷамъиятӣ баҳри бунёди ҷомеаи солим.

0
362

Шодиева Шоҳсанам

шаҳри Душанбе

Донишҷӯи бахши 3 – юми ДМТ,

факултаи “Ҳуқуқшиносӣ”

 

Ҷавонони Тоҷикистон қариб дар ҳама соҳаҳо фаъол ҳастанд. Имрузҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр ташкилотҳои ҳукуматию ғайриҳукуматӣ фаъолият доранд, ки онҳо барои дастгирии ташаббусҳои ҷавонон басе қуллай ҳастанд. Мисоли онҳо шуда метавонанд, Кумитаи кор бо ҷавонон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ба монандӣ «Ҳамсол ба ҳамсол», «Пешрафт», «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ», «Ҷавонони асри 21» ва даҳҳо ташкилоту созмонҳое, ки барои ҷавонони фаъоли Точикистон роҳнишондиҳанда ҳастанд.

Ҷавонон нерӯи худро баҳри гулгулшукуфоии Ватан дареғ намедоранд, аз иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ оғоз гардида, то иштирок намудан дар ҳаёти сиёсии давлат давом мекунад. Ҷавонон баҳри муттаҳидшавӣ аз тамоми роҳу воситаҳо истифода мебаранд. Онҳо бо ташкил намудани гуруҳҳо дар сомонаҳои ҷамъиятӣ метавонанд муттаҳид шуда, барои рушди ҷомеа саҳм гузоранд. Онҳо ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ ихтиёрона шомил шуда, бемузд дар лоиҳаҳои гуногун барои рушди чомеа ва давлат ҳиссагузорӣ мекунанд.

Бинобар ин беҳтар мегардид, агар ба ҷавонон иҷозат дода мешуд, то ки онҳо:

  1. Бо ташаббуси худ рафта дар мактабҳои миёна тренингҳо гузаронанд, ки барои фаъол намудан ва тайёр намудани насли наврас ба ҳаёти мустақилона, омӯзонидани онҳо барои дӯст доштани Ватан ва ҷомеа басо фоидабахш аст. Хеле муҳим аст, ки ба онҳо баробарҳуқуқии зану мард, манъи хама гуна табъиз фаҳмонида шавад, пайдо ва тавлид намудани таҳаммулпазири дар онҳо, аз байн бурдани ҳисси бадбинӣ ва зараррасонӣ, ки метавонад шиканҷаро аз байн бибарад ва воситае шавад барои бунёди ҷомеаи намунавию муосир;
  2. Масъалаи муҳим барои рушди ҷавонон бо соҳаи маориф алоқамандии зич дорад, чунки дониши мукаммал ҳам барои ояндаи устувори ҷавонон ва ҳам ояндаи давлат кафолати хуб аст. Беҳтар мегардид агар ташкилотҳои байналхалқӣ низ саҳми худро баҳри инкишоф додани соҳаи маориф мегузоштанд. Айни ҳол дар донишгоҳҳои ҷумхурӣ ҳама шароитҳои мусоид барои гирифтани донишҳои назариявӣ фароҳам оварда шудааст. Омӯзиши фанҳои гуманитарӣ, махсусан ҳуқуқ хеле осон шудааст ва ҳамаи унсурҳои ёридиҳанда низ дастрас ҳастанд. Аммо муттаасифона барои муттахассиси хуби соҳаи идоракунии давлати шудан танҳо доштани дониши назариявӣ кофӣ нест, инчунин лозим аст, ки донишҳои назариявӣ дар амалия мустаҳкам карда шаванд. Дар айни ҳол ин яке аз мушкилиҳои асосии ҷамъиятиест, ки барои мутахассиси хуб шудани донишҷуён каме монеагӣ менамояд. Барои бартараф намудани ин мушкили моро, ҳам донишҷуёнро ва ҳам давлату ташкилотҳои ҷамъиятиро лозим меояд, ки ин мушкилиро дар муттаҳиди бартараф намоем. Ҳалли ин мушкили дар даъват намудани ҷавонон ба коромузӣ ба мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятию байналхалқӣ зоҳир мегардад. Инчунин гузаронидани ҳар гуна барномаҳои таълимӣ, ки донишҷуёнро метавонад бо кор шинос намояд хеле мухим аст, ба монанди гузаронидани моделҳо, ки ҳам барномаи донишомузиро ва ҳам амалиро дар бар мегирад. Ҷавонон метавонанд хадди ақал дар давоми ду руз худро тавассути намояндаги намудани шахси мансабдор дар бозиҳои имитатсионӣ рушду равнақ диҳанд. Мисол: даъват намудани донишчуёни фаъоли ҳуқуқшинос, дипломатҳо, сиёсатшиносону иҷтисодчиён ба мизи мудаввари гуфтушунид барои ёфтани халли дурусту самаранок ба масъалаҳои буҳронӣ ва қабул намудани қарори самаранок. Ё ин ки ҷамъ ва даъват намудани донишҷуёни фаъоли факултаҳои ҳуқуқшиносӣ ва сиёсатшиносӣ ба мақомоти давлатӣ барои омӯзонидан бо равиши кори мақомоти муайян дар рӯзи аввал ва баъдтар барои як руз ба онҳо додани ваколатҳои шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ. Ҷавонон бо ин роҳ хеле зуд равиши корро аз худ менамоянд ва худро дар соҳаи барои худ муҳим ва дахлдор тайёр менамоянд. Барои бо кор шинос намудани донишҷуён ҳамкории дутарафаи мақомотҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналхалқию ҷамъиятӣ бо донишгоҳҳо хеле фоидабахш аст;
  3. Ташкил намудани созмоне, ки ҷавонони тамоми ҷумхуриро муттахид менамояд, табадуллот ва мубодила байни ҷавонони минтақаҳои ҷумхурӣ ва инчунин байни ҷавонони кишварҳои хориҷӣ баргузор гардад. Барои ҷавонон сафар намудан ба кишварҳои дигари олам, васеъ намудани ҷаҳонбинӣ, омӯхтани фарҳанги дигар халқу миллатҳо, шиносонидани онҳо бо фарҳанги бою ғании тоҷик, ҳамкории дутарафа бо ҷавонони фаъолу ҳамфикри дигар давлатҳо хеле муфид аст;
  4. Масъалаи дигаре, ки барои рушд ва худбаамалбарории ҷавонон хеле муҳим аст, ин шунидани фикру андешаҳои ҷавонон аз тарафи намояндагони давлат мебошад. Беҳтар гардидани ҷомеа ва муносибати ҷомеа бо давлат танҳо тавассути гузаронидани вохуриҳо бо ҷавонон ва шунидани фикру андешаҳои онҳо мумкин аст, агар ҳадди ақал дар як моҳ як маротиба чунин вохуриҳо гузаронида шаванд, пас бо ин восита мушкилиҳои зиёди ҷомеа низ метавонанд ҳалли худро ёбанд;

Тавассути ҳамкорӣ мумкин аст корҳои дар назар имконнопазирро иҷро намуд. Пас барои фардои Тоҷикистон мо бояд дар ҳамбастагӣ захмат кашем, чунки танҳо тавассути муттаҳидӣ мо метавонем ҷомеаро обод кунем.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here