Саломзода Сарвиноз

шаҳри Душанбе

Донишҷӯи бахши 3 – юми ДМТ,

факултаи “Ҳуқуқшиносӣ”

 

Худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ҳисобида ташшабусҳои зеринро барои рушди ҷомеа, давлат ва миллат пешниҳод менамоям ва таёрам меҳнату машақати худро дареғ надошта, баҳри иҷроиши онҳо кӯшиш ва талош варзам.

Саломзода Сарвиноз

  1. Кӯдаки ман – ифтихорам:

Мушкилӣ: имрӯзҳо бисёр гулдухтарони тоҷик дар синну соли бисёр ёш ва ҷавон соҳиби оила шуда, на ҳамавақт аз нозукиҳои зан ва модар будан бохабарнад. Аз ин сабаб онҳо аз уҳдаи нигоҳубини кӯдак намебароянд ва ба сари кӯдаки навзод бало меоранд, чунин ҳолатҳо дар ҷомеаи мо чашмрас мебошад. Тифлон ин амонат ба ҳар як модар аз ҷониби Худованд аст. Ва қарзи ҳар як модар, саломат ба воя расонидани онҳост.

Пешниҳод: Ташкили курсҳо дар чанд минтақаи Ҷумҳурӣ бо иштироки шахсони соҳиби маълумоти олии тиббӣ бо собиқаҳои корӣ ва гулдухтарону бонувони ҳомиладор ва ё фарзанддор.

Мақсад: Дастрасии донишҳои бевоситаи ҳаматарафаи боваринок аз табиб оиди нигоҳубин, вақти истеъмоли хӯрок ва маҳсулоти хӯрока вобаста ба синну сол, вақти хоб ва ҳамаи душвориҳое дигаре, ки модари тифли навзод дучор мешавад. Иловатан ташкили телефони боварӣ баъд аз анҷоми курсҳо барои ҷавоб додан ба ҳама гуна саволҳое ки ба масъалаҳои ба воя расонидани тифл то ба синни панҷсола вобаста аст.

  1. Ман ҳуқуқ дорам.

Мушкилӣ: Сатҳи пасти шуури ҳуқуқии аҳли ҷомеа ва надонистани ҳуқуқҳои худ сабаби сатҳи пасти зиндагӣ ва роҳ додан ба бисёр бесарусомониҳои ҳамарӯза мегарданд. Шаҳрвандони аз ҳуқуқҳои худ бехабар, таҳти азобу уқубат қарор дошта мешаванд, аксаран вақт шахсони мансабдор манфиатдори бархурдор набудани шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ мебошанд.

Пешниҳод: Ташкили гуруҳи кории “Ман Ҳуқуқ Дорам” ки ба ҳама муроҷиат намудагон ҳолати ҳуқуқиро дар ин ё он ҳодиса маълум гардонида, шаҳрвандонро аз ҳуқуқҳояшон бархурдор созад. Ҳамчунин гуруҳи корӣ семинарҳо бо аҳолӣ гузаронда, дар дохили худ шуъбаҳои алоҳидаи “Ҳуқуқи Зан”, “Ҳуқуқи Коргар” ва “Ҳуқуқҳои Шаҳрванд Дар Муассисаҳои Давлатӣ”-ро ташкил намояд ва мақолаҳо дар бобати масъалаҳои имрӯзаи ҷомеа интишор созад.

Мақсад: Ҳар як инсон аз лаҳзаи таваллуд соҳиби ҳуқуқ ва озодиҳо мебошад, бинобар ин мо бояд кушиш ба харҷ диҳем то ки ин ҳуқуқҳо татбиқ шаванд, ва аз ҷониби ҳама риоя гарданд.

  1. “Воркшоп” – рушди ҷавонон, саҳм барои ояндаи миллат!

Мушкилӣ: Садҳо нафар донишҷуёне, ки дар мактабҳои таҳсилоти олӣ илм меомузанд ва орзуи дар оянда мутахассиси беҳамто шудан доранд, аксаран вақт ба мақсад ва мароми худ нарасида, аз ин орзуяшон даст мекашанд, чунки дар фазои реалӣ имконияти шинос шудан бо касби худро надоранд.

Пешниҳод: Ташкили воркшопҳо, ки аз вохуриҳои ҷавонон бо ҳамкасбонашон, ва гузаронидани семинарҳо аз ҷониби соҳибкасбони шуҳратманд бо ҷавонон, иборат мебошанд. Воркшопҳо аз соатҳои муаяни семинарҳои шиносоӣ аз ҷониби коргарони сохторҳои гуногуни давлатӣ бо ҷавонон оғоз гардида бо додани маслиҳатҳои муфид барои дар оянда соҳибкасб шудани ҷавонон анҷом меёбанд.

Мақсад: Баланд бардоштани таваҷҷуҳи ҷавонон нисбати касби хеш ва ҳавасманд гардонидани ҷавонон, кӯмак барои дар оянда мутахассиҳои соҳибкасб тайёр шудани ин ҷавонон.

  1. Ревизорро дар Тоҷикистон!!!

Мушкилӣ: Дар пойтахти давлатамон шаҳри зебою дилрабо як қатор тезтаёрҳо мавҷуданд, ки вазифаи худро хизмат расонидан ба шахсони гурусна қарор додаанд, аммо аксари ҳол, ба қоидаҳои санитарӣ аҳамият надода, ва ё аз маҳсулотҳои бесифат истифода бурда саломатии мо, сокинони шаҳрро коста месозанд.

Пешниҳод: Ташкили барномаи телевизионӣ, ки дар он Ревизорро тезтаёрҳоро бо гуруҳи корияш гашта, ба ҳамагон маълум гардонад, ки имрӯзҳо мо ва наздикони мо чӣ хурокро истеъмол мекунем.

Мақсад: Баланд бардоштани сатҳи масъулиятнокии коргарони тезтаёрҳо, чунки шахсон таввасути хурок қувва барои фаъолияти давоми руз гирифта, хуроки бесифате, ки мо истеъмол менамоем, ба саломатии мо мумкин аст, зарари калон расонад.

  1. Ҳавои тоза ва китоби дӯстдошта – фароғати руҳ…

Мушкилӣ: Ҷавонони Тоҷикистон рӯз аз рӯз аз ҳосили меҳнати нависандагони бузург рӯй гардонида вақти худро бо суҳбатҳои телефонӣ тариқи шабакаи интернет мегузаронанд, ҳол он, ки халқи тоҷик мероси бой ва ғанӣ аз аҷдодон- нависандагони машҳур андар олам дорад, ки аз хондани асарҳои онҳо шахс ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам маънавӣ руҳи худро инкишоф медиҳад.

Пешниҳод: Дар тамоми ҷумҳурӣ дар боғҳои маърифатӣ дар қатори лоначаҳои хӯрока, гузоштани лоначаҳои китобҳо барои хондани китоб дар боғ ва пас аз хондан баргардонидани китоб ба китобдори он лоначаҳо.

Мақсад: Соҳибилм ва маърифатнок гардонидани сокинони шаҳр ва ноҳияҳо.

  1. Тобистон – фурсат барои хониш ва дониш!

Мушкилӣ: Бо даромади фасли тобистон падарон ва модарон дар фикри фарзандони худро ба машғулияти манфиатнок ҷалб кардан шуда, аз дунболи даргоҳи на як мактаби олӣ ва ё устоди дарсҳои иловагӣ мешаванд. Вале онҳо ба инобат намегиранд, ки фарзандон низ бояд вақти аз ҳама дерпазмони худро на фақат бо дарс балки бо хушӣ низ гузаронанд.

Пешниҳод: Ташкили лагерҳои илмӣ-тадқиқотӣ барои ҷавонон ва наврасон бо ҷалб намудани устодони соҳаҳои гуногун барои насли наврас.

Мақсад: Тавассути гузаронидани вақти хуш дар табиат, бо гуруҳи дигари ҷавонон, такмили касб, малака ва донишҳо.

 

Мо ҷавонон ояндаи миллат, тағйири мусбати ҳозира, рушди фардои ҳар яки мо!!!

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here