Дар ҷомеа баъзе шахсон чунин фикр доранд, ки гӯё кӯдак шахсе мебошад, ки ӯ ҳоло шири модар мехӯрад ё худ мустақилона роҳ гашта наметавонад. Боиси қайд аст, ки ин фикр чандон қобили қабул нест, барои он, ки ҳам дар санади байналмилалӣ-ҳуқуқӣ ва ҳам дар санди меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон синну соли кӯдак ба таври конкретӣ муайян гардидааст.

Мувофиқи мазмуни моддаи 1 Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” Кӯдак – ин ҳама гуна мавҷудоти инсоние, ки ба сини 18 сола нарасида аст. Ҳамчунин сархати 2, 3 ва 4, моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” боз мафҳумҳои зеринро пешбинӣ кардааст, ки ин маҳз баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодҳои кӯдакон равона гардидааст:

кӯдаки маъюб – кӯдаке, ки дар натиҷаи нуқсёбии саломатӣ бо коҳиши устувори вазифаҳои организм аз беморӣ, ҷароҳат, иллати ҷисмонӣ ва ақлонӣ боиси маҳдуд шудани фаъолияти ҳаётӣ гардидааст ва ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз дорад;

кӯдаки ятим кӯдаке, ки падару модараш, падар ё модари танҳояш вафот кардаанд;

кӯдаки бепарастор кӯдаке, ки бо сабабҳои маҳдуд ё маҳрум карда шудани падару модар, падар ё модари танҳояш аз ҳуқуқи падарумодарӣ, бедарак ғоиб эътироф ё фавтида эълон гардидани падару модар, ғайри қобили амал (дорои қобилияти маҳдуди амал) дониста шудани онҳо, барои адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доштани падару модар, саркашӣ кардани падару модар аз тарбияи кӯдак ё ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ, аз ҷумла ҳангоми рад кардани гирифтани кӯдаки худ аз муассисаҳои таълимӣ – тарбиявӣ ва ё табобатӣ, инчунин дар дигар ҳолатҳо бе парастории падару модар мондааст”

Дар моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки:

Модару кўдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд.

Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд.

Давлат барои ҳифзи кўдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд.

Дар ин меъёри конститутсионии боло зикрёфта маҳз сухан дар бораи кафолатҳои конститутсионии ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои кӯдакон меравад. Дар замимаи ин меъёр Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои кӯдакон як қатор санандҳои ҳуқуқии байналмалилиро ратификатсия (эътироф ва қабул) кард, инчунин як чанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул намудааст.

Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак:

  • Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948 (моддаи 25);
  • Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиесӣ аз 16 декабри соли 1966 (моддаҳои 23 ва 24);
  • Паймони байналхалкӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фархангӣ аз 16 декабри соли1966 (моддаи 10);
  • Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак;
  • Протоколи иловагӣ ба Конвентсия оиди ҳуқуқҳои кӯдак, ки ба фурӯши кӯдакон, фоҳишагии кӯдакон ва порнографияи кӯдакон дахлдор аст.

Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак:

  • Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 (моддаи 34);
  • Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 ноябри соли 1998, № 682;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” аз 18 марти соли 2015, № 1196;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” аз 19 марти соли 2013, № 954;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз 2 августи соли 2011, № 762;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон” аз 1 августи соли 2003, № 28.

Санадҳои зерқонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак:

  • Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кўдакон барои солҳои 2017-2021” аз 29 июни соли 2017, № 322;
  • Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” аз 31 октябри соли 2014 № 690.

Ҳуқуқҳои кӯдак мувофиқи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар:

  1. Модарону кӯдакон ба васоят ва кӯмаки махсус ҳақ доранд.
  2. Ҳамаи кӯдаконе, ки дар ақди никоҳ ва берун аз он таваллуд шудаанд,  бояд аз ҳимояи иҷтимоии баробар истифода намоянд.

Ҳуқуқҳои кӯдак мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

  1. Модару кўдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд.
  2. Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд.
  3. Давлат барои ҳифзи кўдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд.

Ҳуқуқҳои асосии кӯдак мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”:

  1. Ҳуқуқи кӯдак ба зиндагӣ, озодӣ, дахлнопазирӣ, шаъну эътибор ва ҳаёти шахсӣ;
  2. Ҳуқуқи кӯдак ба шахсият;
  3. Ҳуқуқи кӯдак ба ҳифзи саломатӣ;
  4. Ҳуқуқи кӯдак ба озодии сухан ва виҷдон, иттилоот ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ;
  5. Ҳуқуқи кӯдак ба моликият;
  6. Ҳуқуқи кӯдак ба манзил;
  7. Ҳуқуқи кӯдак ба таҳсил;
  8. Ҳуқуқи кӯдак ба меҳнат;
  9. Ҳуқуқи кӯдак ба истироҳат ва фароғат;
  10. Ҳуқуқи муттаҳидшавӣ дар ташкилотҳои ҷамъиятии кӯдакон ва ҷавонон;
  11. Ҳуқуқи кӯдак ба зиндагӣ ва тарбия дар оила;
  12. Ҳуқуқи кӯдак дар муносибат бо падар ё модаре, ки ҷудо зиндагӣ мекунанд.

Агар давлат ва созмони байналмилалӣ (Созмони Миллали Муттаҳид) ҳуқуқҳои кӯдакро муайян карда бошад, инчунин барои вайронкунандагони ин ҳуқуқ дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҳуқуқиро низ пешбинӣ кардааст.

      Барои муфассал маълумот пайдо кардан доир ба ҳуқуқҳои дар боло зикр шуда, метавон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” назар афканед.

МУАЛЛИФ: Фузайлов Фахриддин

2 КОММЕНТАРИИ

  1. Комментарий: Беҳтарин бародарҷон!
    Дар ҳама ҷода ба Шумо муваффақиятҳоро хоҳонам.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here