Ҷавонон баҳори зиндагонӣ

0
374

Ҷавонон баҳори зиндагонӣ мебошанд. Ин давра давраи орзуҳо ва кашфиётҳо мебошад. Чи тавре, ки Президенти мо, Пешвои Миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: ояндаи кишвари аз насли ҷавон вобаста мебошад. Бинобар ин вазифаҳои асосии мо гирифтани таҳсилоти хуб мебошад, то ки дар оянда шаҳрвандони беҳтарини фардои кишвар бошем.

Барои ҳавасманд ва фаъол гардонидани насли ҷавон мо бояд намудҳои гуногуни озмуну мусобиқаҳоро ташкил ва роҳандозӣ намоем. Мо бояд курсҳои онлайн ташкил намоем, зеро ин ба ҷавонон имконияти дар як вақт дар якчанд донишгоҳ ва ё курс таҳсил намуданро медиҳад. Мо бояд дар YouTube канали таълимӣ таъсис диҳем, барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонон, зеро бештари онҳо вақти худро беҳуда дар шабакаи интернет барои чизҳои нолозим сарф мекунанд. Мо бояд ба ҷойҳову маконҳои гуногуни кишварамон турҳо ташкил намоем, то ки бо шароити зисту зиндагонии аҳолии кишварамон аз наздик шиносоӣ пайдо кунем. Ин ҳолат ба онҳо барои ҳалли муаммоҳои гуногуни сиёсӣ ва иқтисодӣ имконият медиҳад. Аз ҳама муҳим он аст, ки ҲУКУМАТ БОЯД МУТАХАССИСОНИ ҶАВОНРО БО ҶОИ КОРӢ ТАЪМИН НАМОЯД, ЗЕРО БЕШТАРИ ОДАМОНИ БО МАЪРИФАТИ МО БЕКОР МОНДААНД.

Академияи хурди илмҳо дар тамоми соҳаҳои илм лозиманд. Чи тавре, ки мо медонем Мақсудов Анвар Темурович дар аввали соли 2017 ҳамчун роҳбари Академияи хурди илмҳо дар вилояти Суғд таъин гардиданд. Он шахс дар воқеъ ҷавонони лаёқатмандро арҷгузорӣ менамояд. Агар мо ба ӯ дархост равон кунем, ман бовари дорам, ки ӯ дархости моро қабул мекунад. Ҳамчунин Академияи хурди илмҳо бо ташкилотҳои байналхалқӣ барои мубодилаи таҷриба ҳамкориро бояд ба роҳ монад. Аммо ин корро мо бе датсгирии Ҳукумати кишвар ба даст оварда наметавонем. Пеш аз ҳама Ҳукумат бояд Академияи хурди илмҳоро бо таҷҳизотҳо барои гирифтани дониши замони нав муҷаҳҳаз гардонад. Агар Ҳукумат ба Академияи хурди илмҳо имконият диҳад ва онҳоро бо тамоми лавозимотҳои зарурӣ муҷаҳҳаз гардонад, пас онҳо барои дастгирии мутахассисони ҷавон қодир мегарданд. Насли ҷавонро зарур аст, ки якҷо бо ҳам кӯшиш намоянд, то ба орзу ва ҳадафҳои худ расанд.

Дар охир, мехоҳам иброз намоям, ки ояндаи кишварамон дар дасти мост, мо асоси давлат мебошем, бинобар ин бояд ҳамаи имкониятҳоро истифода барем. Ман боварӣ дорам, ки мо дар ҷомеаи худ ва умуман дар тамоми ҷаҳон дигаргуниҳои калон ворид карда метавонем, аммо барои ин ба мо зарур аст, ки бо ҳам мутаҳҳид гардем. Чи тавре, ки мегуянд, агар калимаи “ман” бо “мо” иваз карда шавад, мо метавонем бо ҳам ба тамоми ҳадафҳо расем. Биёед бо ҳам муттаҳид гардем ва барои рисидан ба ҳадафҳо амалҳои худро шурӯъ намоем! Биёед давлати худро бузург ва бо маърифат гардонем!

Муаллиф:             Мухбира Ҷаборова

донишҷӯи бахши 3-юми ДДХ

ба номи академик Б.Ғафуров,

факултаи “Забонҳои хориҷӣ”

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here