ЭЪЛОНИ МАКТАБИ ТОБИСТОНА БАРОИ ҶАВОНОН

0
401

О З М У Н И   К У Ш О Д

барои иштирок дар Мактаби Тобистона оид ба ҳуқуқи инсон

Донишҷуёни факултаҳои ҳуқуқшиносӣ, ҳуқуқшиносони ҷавон ва коромӯзони адвокатураҳо!

Агар Шумо хоҳиши омӯхтани ҳуқуқи инсон, механизмҳои байналмилалӣ ва миллии ҳимояи ҳуқуқи инсон, қонунгузорӣ оид ба адвокатура ва фаъолияти адвокатиро доред, мехоҳед дониши худро дар таҷриба ба воситаи бозии кории мурофиаи судӣ санҷед, мехоҳед бо ҳамкорон ва ҳамсолон мубодилаи афкор намоед, пас Шумо имконияти хуб доред, ки дар Мактаби Тобистона оид ба ҳуқуқи инсон иштирок намоед.

Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ бо дастгирии молиявии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон Мактаби Тобистона оид ба ҳуқуқи инсонро аз санаи 20 то 25 августи соли 2018 ташкил менамояд.  Ташкилкунандагони Мактаби Тобистона оид ба ҳуқуқи инсон дар тамоми давраи омӯзиш иштирокчиёнро бо ҷои зист ва хӯрок таъмин менамоянд. Ба иштирокчиёне, ки аз минтақаҳо интихоб мешаванд, хароҷотҳои сафар (роҳкиро) ҷуброн мешавад.

Забонҳои кории Мактаби Тобистона: Забони тоҷикӣ ва русӣ.

Барои иштирок дар озмун чунин ҳуҷҷатҳо бояд пешниҳод карда шаванд:

  1. CV (Резюме) бо расм
  2. Мактуби ҳавасмандӣ дар ҳаҷми на зиёда аз 250 калима

Ҳуҷҷатҳо то санаи 20 июли соли 2018 қабул карда мешаванд. Танҳо иштирокчиёне, ки интихоб гардидаанд, ба суҳбат даъват карда мешаванд.

Ҳуҷҷатҳоро барои иштирок дар озмун ба почтаи электорнии ozmun.dosh@gmail.com бо навиштаҷоти «Мактаби Тобистона оид ба ҳуқуқи инсон»  равон кунед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here