1. Ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти касбӣ  адвокат уҳдадор аст:

–  содиқона, софдилона ва оқилона ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ваколатдиҳандаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя намояд;

– талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба иштироки ҳатмии адвокат ба сифати ҳимоятгар дар мурофиаи судии ҷиноятӣ дар асоси қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя ё таъиноти суд иҷро намояд, инчунин ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ёрии ҳуқуқии ройгон расонад;

– савияи дониши худро баланд бардорад ва маҳорати касбии худро такмил диҳад;

– талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси одоби касбии адвокатҳоро риоя намояд, қарорҳои Иттифоқи адвокатҳо ва мақомоти  минтақавии онро, ки дар доираи ваколатҳояшон қабул карда шудаанд, иҷро намояд;

– аз ҳисоби ҳаққи хизмати ҳармоҳааш барои эҳтиёҷоти Иттифоқи адвокатҳо мувофиқи тартиб ва андозаи муайяннамудаи Анҷумани адвокатҳо маблағ супорад, инчунин барои таъмин намудани фаъолияташ мувофиқи тартиб ва андозаи муайяннамудаи ташкилоти адвокатӣ маблағ ҷудо намояд;

– дар муҳокимаи саривақтии парвандаҳо ба кашолкории сунъӣ роҳ надиҳад;

– сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзшавандаро, ки ҳангоми расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба ӯ маълум гаштаанд, ифшо насозад.

2. Ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти касбӣ  адвокат ҳуқуқ надорад супориш оид ба расонидани ёрии ҳуқуқиро қабул намояд, агар он:

– баръало хусусияти ғайриқонунӣ дошта бошад;

– чунин ёриро ба шахсоне расонад ё қаблан расонида бошад, ки манфиати онҳо ба манфиати шахсе, ки дар хусуси пешбурди парвандааш муроҷиат кардааст, зид бошад;

– ба предмети созишнома бо ваколатдиҳанда манфиати мустақилона дошта бошад, ки аз манфиатҳои ваколатдиҳанда фарқ кунад;

– қаблан дар парванда ба сифати судя, машваратчии халқӣ, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда, котиби маҷлиси суд, шоҳид, коршинос (эксперт), мутахассис, тарҷумон ё шахси холис иштирок карда бошад;

– бо судя, машваратчии халқӣ,прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда, котиби маҷлиси суд, ки дар тафтиш ё баррасии судии ҳамин парванда иштирок мекунанд, муносибатҳои хешовандӣ дошта бошад.

3. Адвокат ҳуқуқ надорад, ки аз уҳдадории худ дар бобати ҳимоя даст кашад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Адвокат ҳуқуқ надорад маълумоти ба ӯ додаи ваколатдиҳандаро, ки бо расонидани ёрии ҳуқуқӣ алоқаманд аст, бе розигии ин шахс ифшо намояд.

5. Адвокат ҳуқуқ надорад, ки гуноҳи ҳимояшавандаи худро исботшуда эътироф намояд, агар ҳимояшаванда онро рад кунад. Иқрор шудани ҳимояшаванда ба гуноҳи худ адвокатро аз ҳуқуқи мубоҳиса намудани чунин фикр ва хоҳиши сафед намудани ӯ бинобар исбот нашудани гуноҳаш маҳрум намекунад. Адвокат ҳуқуқ надорад ба таври оммавӣ дар бораи исботшуда эълон намудани гуноҳи ҳимояшавандааш изҳорот диҳад, агар зерҳимояаш онро рад намояд.

6. Адвокат дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои қонунии ваколатдиҳандаро ҳимоя намояд ва ҳуқуқ надорад мавқеи ҳуқуқии ба манфиатҳои ӯ мухолифро ишғол намояд. Дар ҳолати  худтуҳматкунии ваколатдиҳанда дар мурофиаи судии ҷиноятӣ, адвокат бояд мавқеи мухолифро ишғол намояд.

7. Барои  иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои касбии худ адвокат тибқи тартиби пешбининамудаи  Қонуни мазкур ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

МАЪЛУМОТИ БЕШТАР ДАР ИН БОРА:

http://base.mmk.tj/view_sanadhoview.php?showdetail=&sanadID=319

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ” аз 18.03.2015, №1182

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here