Хушхабар ба ҷавонон. (Мӯҳлати қабули аризаҳо дароз карда шуд.)

0
374

Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ҷавонони хоҳишмандро барои иштирок дар лоиҳаи “Дастгирии ташаббусҳои ҷавонон” даъват мекунад. Соли гузашта дар Маркази рушди ҷавонон-и дар назди  “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” амалкунанда лоиҳаи мазкур амал карда, дар доираи он якчанд чорабиниҳо (вохӯрӣ бо шахсони пешқадам, тренингҳо, дебатҳо-мубоҳисаҳо, бозии мурофиаи судӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва лагери таълимии тобистона барои иштирокчиёни фаъол) гузаронида шуда буд ва он натиҷаҳои назаррас дод. Бинобар ин дар Марказҳои рушди ҷавонон бо мақсади муттаҳидӣ, такмил ва инкишофи донишу маҳорати ҷавонон, лоиҳаи “Дастгирии ташаббусҳои ҷавонон” боз идома меёбад.

Хоҳишмандон метавонанд то санаи 25-уми сентябри соли 2018 аризаи худро пешниҳод намоянд!!!

Суроғаи “Маркази рушди ҷавонон” дар шаҳри Душанбе: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, утоқи 523.

телефон барои иртибот: +992(93)-333-17-03

Суроғаи “Маркази рушди ҷавонон” дар шаҳри Хуҷанд: шаҳри Хуҷанд, хиёбони И.Сомонӣ 183 а, ҳуҷраи 8.

телефон барои иртибот: +992(93)-333-18-03

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here