Хотиррасон мешавем, ки мо таърихи 30-уми сентябри соли ҷорӣ бахшида ба 70-солагии Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аксияи хайриявии таҳти унвони “Дасти мадад” гузаронидем. Аксия мазкур аз он иборат буд, ки  ҳамаи хоҳишмандон ба майдони пахта рафта ба ҷамъоварии пахта саҳм мегузорем ва ҳамаи маблағи аз ҷамъоварии пахта ба даст овардаамон барои табобати Марям, Зайнаб ва Оиша, ки аъзои як оила мебошанд сарф карда мешаванд. Ҳамчунин бо мақсади фаъолгардонӣ ва ҳавасмандгардонии иштирокчиён дар майдони пахтачинӣ озмуни хурд бо номи “Пахтачинӣ беҳтарин” ташкил намудем. Дар озмун ҷои якумро Тураева Моҳрухсор

Ҷои дуюмро Юсуфов Мӯҳсин

Ва ҷои сеюмро Абдусамадова Манижа

соҳиб шуданд. Ба ғолибони озмун аз ҷониби шахсони масъули Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард шуда дар охир ба ҳамаи иштирокчиёни аксия миннатдории ташкилкунандагон расонида шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here