Вохӯрии аввалин бо “Ҷавонони ташаббускор” ва муррифи намудани лоиҳаи “Дастгирии ташаббусҳои ҷавонон”

0
386

Санаи 16-уми октябри соли равон дар “Маркази рушди ҷавонон”-и назди Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” вохӯрии аввалини гурӯҳи нави “Ҷавонони ташаббускор” бо Сарвари иҷроияи Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”-Дилрабо Самадова доир гардид.

Дар вақти вохӯрӣ Дилрабо Самадова ва дигар шахсони масъули Марказ ба ҷавонон оиди семинар, тренинг ва дигар чорабиниҳои соли гузашта аз ҷониби Марказ гузаронидашуда маълумот дода, сипас лоиҳаи “Дастгирии ташаббусҳои ҷавонон”-ро, ки соли 2018-2019 амал мекунад муаррифӣ карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур дар умум 21 нафар ҷавонон иштирок намуданд. Вохӯрӣ дар ду вақт, яъне бо назардошти вақти таҳсили донишҷӯён гузаронида шуда, ҳамзамон ба онҳо фаҳмонида шуд, ки омадан ба “Маркази рушди ҷавонон” танҳо берун аз вақти дарсӣ аст.

“Маркази рушди ҷавонон” бо мақсади мусоидат намудан барои пешрафти ҷавонон таъсис дода шуда, барои ҷавонон имкониятҳои зеринро фароҳам меоварад:

  • Семинар-тренингҳо
  • Бозии мурофиаи судӣ
  • Мубоҳиса (Дебат)
  • Бозиҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ
  • Озмунҳо
  • Лагер барои иштирокчиёи фаъол
  • Вохӯрӣ бо шахсони пешқадами ҷомеа
  • Ташили коромӯзӣ дар ташкилотҳои ҷамъиятӣ
  • Аксияҳо
  • Дигар чорабиниҳо

Суроғаҳои Марказҳои рушди ҷавонон:

ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, утоқи 523

Телефон +992(93)3331703

Вилояти Суғд, ш.Хуҷанд, хиёбони И.Сомонӣ 183 а, утоқи 8 а

Телефон +992(93)3331803

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here