Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

0
1896

Ҳамватанони азиз Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” Шуморо ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик ва муборакбод менамояд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуда ба он 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дебоча, 10 боб ва 100 модда иборат аст. Бобҳои Конститутсия:

Асосқои сохтори конститутсионӣ;

Ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд;

Маҷлиси Олӣ;

Президент;

Ҳукумат;

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

ва худидоракунӣ;

Валояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон;

Суд;

Прокуратура;

Тартиби тағйири Конститутсия.

Ҳамчунин дар қисми охирони Конститутсия Муқаррароти  интиқолӣ мавҷуд аст, ки дар он чунин масъалаҳо дида мешаванд: тартиби ташкил ва қувваи қонунӣ пайдо кардани натиҷаи райъпурсӣ, тартиби амал кардани қонунҳое, ки то даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия амал мекунанд,  мўҳлати интихоби пай дар пайи Президент ва тартиби хотимаёбии он.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади дорои сатҳи баланди ҳуқуқӣ мебошад ва дар байни дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷои якумро ишғол менамояд. Ҳамаи санадҳои қабулкардашуда ва қабулкардаистодаи мақомоти ваколатдори давлатӣ бояд аз Конститутсия сарчашма гирад ва ба ягон меъёри он мухолифат накунад. Чунончи дар қисмҳои 1 ва 2, моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст:

“Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.

Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.”

Ҳамчунин дар моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, ки низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро муайян мекунад, Конститутсия дар ҷои аввал меистад.

Моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ шуморида, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро дахлнопазир эътироф намудааст. Ҳамчунин дар қисми охири моддаи мазкур дарҷ гардидааст, ки: “Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.”

Боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд) бевосита ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф намуда, кафолат додааст. Боби мазкур аз моддаи 14 то 47-ро дар бар мегирад. Дар асоси моддаҳои зикршуда Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд як чанд санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро қабул намуда ҳамчунин якқатор санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро эътироф намудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here