Санаи 2-юми декабри соли равон дар бинои Маркази Амрикоӣ дар Бохтар, ки дар маркази маъмурии вилояти Хатлон ш.Бохтар ҷойгир аст, Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” бахшида ба 70-солагии Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва 20-солагии Эъломияи ҳомиёни ҳуқуқ, намоиши расм ва эссеҳоро баргузор намуд.

Дар намоиш мазкур расм ва эссеҳои иштирокчиёни озмуни кашидани расми беҳтарин дар мавзӯи “Озодии инсонҳоро тасвир намо” ва навиштани эссеи беҳтарин дар мавзӯъи “Баробарии инсонҳо” ба маърази тамошо гузошта шуда буд.

Дар намоиш ҷавонони шаҳри Бохтар хеле фаъолона иштирок намуданд. Дар рафти намоиш кормандони масъули Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” бо иштирокчиён доир ба мавзӯҳои марбут ба “ҳуқуқи инсон”, “озодии инсон”, “Конститсия” ва “Парчам”  викторина ва бозиҳои гуногун гузарониданд. Ҷавонон дар виктарина ва бозиҳо фаъолона иштирок намуда, соҳиби тӯҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.

Дар ҷамъбасти чорабини кормандони ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ба маъмурияти Маркази Амрикоӣ дар Бохтар ва Ташкилоти ҷамъиятии “Ҷаҳони мо” сипосмандии худро иброз намуданд.

Хотирасон мешавем, ки намоиши расм ва эссеҳо бахшида ба 70-солагии Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва 20-солагии Эъломияи ҳомиёни ҳуқуқ дар ш.Хуҷанд (24.11.2018), ш.Панҷакент (27.11.2018) ва ш.Бохтар (02.12.2018) баргузор гардида, санаи 9-уми декабри соли равон соати 14:00 дар Маркази савдои “Душанбе-мол” (Ашан) намоиши ҷамъбастии он баргузор хоҳад шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here