Кулли ВОЛОНТЁРОНРО Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ба муносибати “Рӯзи байналмилалии волонтёрон” табрик ва муборакбод менамояд. 

ВОЛОНТЁР, ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРӢ, ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲО ВА РУШДИ СОҲАИ ВОЛОНТЁРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар оғоз мехостам фикри хонандаро ба як нуқтаи муҳим, ки мафҳуми волонтёр ва фаъолияти волнтёрӣ мебошад ҷалб намоям. Тибқи қисми 1, моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ” аз 19 сентябри соли 2013 мафҳуми волонтёр чунин аст:
“волонтёр – шахси воқеие, ки ихтиёран ва бо интихоби озод вақт, кор ва малакаи худро бемузд ва ё ҷуброни хароҷот бевосита ва ё ба воситаи ташкилотҳои ҷалбкунанда ба манфиати ҷомеа пешниҳод менамояд. Ҳамчунин дар моддаи мазкур дар бобати фаъолияти волонтёрӣ пешбинӣ шудааст, ки мутобиқи он Фаъолияти волонтёрӣ– ин фаъолияте, ки дар шакли кор ва хизматрасонӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур дар самти беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавии давлат ва ҷомеа ба амал бароварда мешавад.
Агар ин ду мафҳумҳоро ба таври содда фаҳмонем гуфтан мумкин аст, ки волонтёр-ин шахсе мебошад, ки бо хоҳиши худ ва бепул ин ё он кори ба фоидаи ҷамъият бударо иҷро мекунад фаъолияти волонтёрӣ бошад иҷрои ана ҳамон корҳои дар боло гуфташуда мебошад.
Моддаи 7 қонуни дар боло зикршуда ҳуқуқ ва уҳдадориҳои волонтёрро муайян мекунад, ки мутобиқи он волонтёр дорои чунин ҳуқуқ ва уҳдадориҳост:
1. Волонтёр ҳуқуқ дорад:

– самт ва намуди фаъолияти худро озодона интихоб намояд;

– дар таҳия ва амалӣ намудани барномаҳое, ки дар асоси онҳо шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ баста шудааст, фаъолона иштирок намояд;

– дар соҳаи дахлдор дар доираи имкониятҳои худ ва мувофиқи қоидаҳои ҷории ташкилоти ҷалбкунанда фаъолият намояд;

– аз суғуртаи тиббии ташкилоти ҷалбкунанда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода барад;

– ҷуброни маблағҳоеро, ки барои амалӣ намудани баъзе намудҳои фаъолияти волонтёрии дар шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ пешбинишуда заруранд, талаб намояд;

– ба воситаи ташкилоти ҷалбкунанда ва ё бевосита аз мақомоти ваколатдори давлатӣ дафтарчаи волонтёрӣ, шаҳодатномаи волонтёрӣ ва тавсияномаеро, ки амалӣ намудани фаъолияти волонтёрӣ, таҷриба ва маҳорати бадастовардаашро тасдиқ мекунанд, дастрас намояд;

– аз ҳуқуқ ва кафолатҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, андоз, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва суғуртаи иҷтимоӣпешбинигардида истифода барад;

– бо нишон додани шаҳодатномаи волонтёрӣ аз нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ, ғайр аз таксӣ, ки тартиби онро мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян менамояд, бепул истифода барад;

– ба фаъолияти меҳнатии бемузд машғул шавад;

– оид ба ташкилоти ҷалбкунанда, фаъолияти ташкилӣ ва барномаҳои он маълумоти воқеӣ ва дақиқ гирад;

– дар курсҳои омӯзишӣ, ки бо ташаббус ва ё тавсияи ташкилоти ҷалбкунанда барои иҷрои босифати фаъолияти волонтёрӣ доир мегарданд, иштирок намояд;

– тибқи талаботи қисми 4 моддаи 6 Қонуни мазкур роҳбари ташкилоти ҷалбкунандаро ба таври хаттӣ огоҳ намуда, фаъолияти худро қатъ намояд.

2. Волонтёр ӯҳдадор аст:

– дар доираи Қоидаҳои бақайдгирии шахсони хоҳишманд барои машғул шудан ба фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал кунад;

– супоришҳои ташкилоти ҷалбкунандаро дар доираи ӯҳдадориҳои шартномавӣ иҷро намояд;

– ҳангоми иҷрои фаъолияти волонтёрӣ ба роҳбари ташкилоти ҷалбкунанда итоат намояд;

– молу мулки дар раванди фаъолияти волонтёрӣ истифодашавандаро ҳифз намояд;

– қоидаҳои ифшо накардани маълумоти таъиноташ махфиро оид ба ташкилот риоя кунад;

– ӯҳдадориҳои тибқи шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ ба зиммагирифтаашро бе розигии ташкилоти ҷалбкунанда ба дигар шахсон вогузор накунад;

– дар самти (соҳаи) интихобнамудаи фаъолияти волонтёрӣ дониш ва маҳорату малака аз худ намояд;

– дастурҳоро оид ба ҳифзи меҳнати волонтёр ва супоришҳои роҳбарии ташкилоти ҷалбкунандаро риоя ва иҷро намояд;

– фаъолияти худро ройгон амалӣ намояд;

– дар ҷаласаҳои умумӣ ва ташкилии гурӯҳи волонтёрон ширкат варзад.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи волонтёр ва фаъолияти волонтёрӣ барои ҳамчун волонтёр эътироф намудани шахс як чанд шартҳоро пешбинӣ намудааст, аз ҷумла бастани шартнома, додани шаҳодатномаи волонтёрӣ ва додани дафтарчаи волонтёрӣ ба волонтёр, вале мутаъсифона тартиби мазкур дар бисёри ҷойҳо амал накарда истодааст, дар сурати амал кардани тартиби номбурда соҳаи волонтёрӣ рушд мекунад ва волонтёрон низ ҳавасманд хоҳанд шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here