Соли нав наздик омада истодааст ва кӯдакону наврасон интизори мӯъҷиза, Бобои барфӣ ва туҳфаҳо мебошанд. Ҷавонони ташаббускори ТҶ  “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” хостанд дар арафаи ин иди афсонавӣ ба кудакону наврасони мактаб-интернати №1 деҳаи Арал, ҷамоати деҳоти ба номи Мирали Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ (вилояти Хатлон) аксияи хайриявӣ бахшида ба Соли Нави мелодӣ бо барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ, дастархони идона ва бо тӯҳфаҳои солинавӣ табъи хушу болида ҳадя намоянд.

Баъди шиносоӣ бо хонандагони мактаб-интренати мазкур ва чойи зисту таълими онҳо барои наврасон филми “Сафари ҳавоӣ”, ки истеҳсоли киностудияи давлатии “Тоҷикфилм” мебошад ба намоиш гузошта шуд. Кудакону наврасонро баъди тамошои филм дастархони идона, ки дар он мевагиҳо, шириниҳо ва оши палав дар ҳаҷми 35 кг интизор буд.

Дар баромади ошхона кудаконро Бобои барфӣ бо тӯҳфаҳояш пешвоз гирифт. Ӯ ҳамроҳи бачаҳо бозиҳои гуногун гузаронид ва кудакон, ки пазмони ӯ буданд ба ӯ шеърҳову сурудҳо сароиданд, Бобои барфӣ бошад дар навбати худ ба ҳар як хонандагони мактаб-интернати мазкур тӯҳфаҳо ҳадя намуд.

Бояд қайд кард, ки дар мактаб-интернати мазкур дар умум 180 нафар хонанда, аз қабили 13 нафар – ятими кулл, 104 нафар кудакони бепадар, 51 нафар кудакони бемодар, 3 нафар аз оилаҳои маъюб ва 9 нафар аз мактабҳои дур таҳсил мекунанд. Боз 28 адад тӯҳфаҳо барои кӯдакони мактаб-интернати ёрирасони №1-и шаҳри Кулоб равона карда шуд.

Дар охир директори мактаб-интернати №1-и деҳаи Арал, Наимов Субҳон баромад карда,аз номи кулли хонандагон ва ҳайати омӯзгорон барои ташкил ва гузаронидани чунин аксияи хайриявӣ   ба ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ва “Ҷавонони ташаббускор” миннатдории худро баён намуда, бо сипоснома қадрдонӣ намуд.

Хотирасон мешавем, ки 1639 сомонии дар намоиши расм ва эссе, ки бахшида ба “Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон” ва “Рӯзи ҳомиёни ҳуқуқ” баргузор гардида ҷамъоварда шуда буд, барои ташкили чорабинии мазкур ва туҳфаҳо равона карда шуд. Бо ҳисоботи ин чорабини Шумо аз сомонаи ташкилот шинос шуда метавонед: http://freedom.tj/2018/12/20/tashakkur-ki-ba-mo-kumak-namuded-baroi-yory-rasonidan/

Аксияи хайриявии мазкур бо дастгирии FLEX program (alumni-Mehri Khojaeva), Tcell (ҶСП “Индиго Тоҷикистон”) ва бо дастгирии молиявии ассотсиатсияи кормандони UNICEF ва дигар шарикону шахсони воқеӣ баргузор гардид.

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here