Ҳаёти муосирро бидуни техника ва технология тасаввур кардан ғайриимкон мебошад.

Имрӯз, яъне санаи 5-уми январи соли 2019 дар “Маркази рушди ҷавонон”-и назди Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки 13-нафар “Ҷавонони ташаббускор” Тренинг оид ба “Барномасозӣ” ташкил ва гузаронида шуд.

Дар тренинг яке аз тренерони соҳибтаҷриба, барномасоз-Хуршед Гулов тренерӣ намуда, оиди мавзӯъи мазкур фаҳмонида дода, ҳамчунин дар таҷриба низ мавзӯъро  нишон дод. Дар охир барои бозҳам дар таҷриба хубтар омӯхтани мавзӯъ ба иштирокчён пешниҳод намуд  то ягон барномаро, ки ба самти хонишашон алоқамандӣ дорад созанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here