Пеш аз Соли Нави мелодӣ ҷавонони ташаббускори ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” бо мақсади хушҳол гардонидани кӯдакону наврасоне, ки дар мактаб-интернати №1 деҳаи Арал, ҷамоати деҳоти ба номи Мирали Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ (вилояти Хатлон) таҳсил мекунанд, аксияи хайриявӣ гузаронида, барои онҳо дастархони идона, тамошои кинофилм, тӯҳфаҳои солинавӣ ва инчунин барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ, ки онро Бобои барфӣ ҳамроҳӣ мекард ҳадя карда буданд. Маълумоти бештарро дар бораи аксияи хайриявии мазкур аз сомони ташкилот гирифта метавонед: http://portal.freedom.tj/tj/2018/12/29/har-yak-kudak-sazovori-id-va-tuhfahoi-solinavy-ast/

Дар вақти гузаронидани аксияи хайриявӣ, ташкилкунандагон бо директори мактаб-интернати мазкур ва хонандагон ҳамсӯҳбат шуда буданд ва онҳо китобҳои гуногун, бозиҳо ва инчунин дигар маводҳои таълимиро, ки барои синфхонаҳо ва хонандагон лозим буд, хоҳиш карданд.

Санаи 4-уми январи соли равон ҷавонони ташаббускори ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” маводҳои конселярӣ, бозиҳо, ки харида буданд ва инчунин китобҳои гуногун, ки ҷамъ карда шуда буданд ба мактаб-интернати №1 деҳаи Арал, ҷамоати деҳоти ба номи Мирали Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ (вилояти Хатлон) дастрас намуданд. Аз сабаби он, ки вақти таътили зимистонаи хонандагон буд, хонандагони мактаб-интернати мазкур дар хонаҳои хешону наздикони худ қарор доштанд. Директори мактаб-интернат ба маълумоти мо расониданд, ки хонандагон аз санаи 10 январ таҳсилро оғоз мекунанд ва тӯҳфаҳои онҳо дастрас мешаванд.

Байни ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ва директори мактаб-интернати мазкур дар симои Наимов Субҳон санади доду гирифт баста шуд. Дар натиҷа ба хонандагони мактаб-интернат 40 адад китобҳои гуногун, аз ҷумла 21 адад бо забони тоҷикӣ, 13 адад бо забони русӣ ва 6 адад бо забони англисӣ китобҳои бадеӣ ва фаннӣ дастрас карда шуданд. Аз маводҳои конселярӣ бошад: 1200 адад дафтари оддӣ, 360 дона дафтари умумӣ, 380 дона ручка, 180 дона қалами оддӣ ва 180 қуттӣ қалами ранга, 171 адад албом, 192 адад қаламтарошак, 12 қуттӣ бур, 9 қуттӣ ширеш, 35 адад маводҳои таълимии дарсӣ (ҷадвалҳои фаннӣ), 2 адад харитаи Тоҷикистон ва 2 адад харитаи ҷаҳон, 6 дона алифбои тоҷикӣ, 12 адад шашка ва 12 адад шахмат, 5 адад туби футбол, 2 адад туби волейбол ва инчунин 2 адад туби баскетбол ҳадя карда шуд.

Аз рӯи тақсимот барои ҳар як хонанда 4 адад дафтари оддӣ, 2 адад дафтари умумӣ, 1 адад албом, 2 дона ручка, 1 то қалами оддӣ ва 1 қуттӣ қалами ранга, 1 ширеш ва қаламтарошак рост меояд.

Хотирасон мешавем, ки аксияи хайриявии мазкур бо дастгирии молиявии ассотсиатсияи кормандони UNICEF ва бо дастгирии иттилоотии гуруҳи хайриявии «Дасти ёрӣ» гузаронида шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here