Имруз, 12-уми феврал дар “Маркази рушди ҷавонон”-и назди Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд, бо иштироки “Ҷавонони ташаббускор” тренинг оид ба мавзӯи “Ҳуқуқ ва аҳамияти он” гузаронида шуд.

 
Тренинги мазкур аз ҷониби корманди ФТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар Суғд дар шаҳри Хуҷанд-Фузайлов Фахриддин гузаронида шуд. Фахриддин Фузайлов сараввал оиди мафҳуми ҳуқуқ ва мафҳуми ҳуқуқи инсон ва сипас аҳамияти ҳуқуқ ба инсон ва шаҳрванд маълумот дод. Ҳамчунин бо истифода аз усул ва методҳои гуногуни вобаста ба мавзӯъ мавзӯро ба ҳозирин фаҳмонд.
Дар тренинг ҷавонон фаъолона ширкат варзида ба савол ва супоришҳо ҷавобҳои қобили қабул доданд. “Ҷавонони ташаббускор” бо иштирок дар тренинг то андозае дониши ҳуқуқии худро такмил доданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here