Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.

Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад. (Моддаи 42 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Бо мақсади баланд бардоштани дониши ҳуқуқии ҷавонон, пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон ва ноболиғон, фаҳмонидани имтиёзҳои қонунии ҷавонон ва иҷрои уҳдадориҳои ҳуқуқӣ дар байни ҷавонон тренинг дар мавзуи “Ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва имтиёзҳои ҷавонон” гузаронида шуд.

Тренинги мазкур имруз, яъне 19-уми феврал дар “Маркази рушди ҷавонон”-и назди Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби корманди Филиали Ташкилот- Фахриддин Фузайлов гузаронида шуд.

Дар тренинг Фахриддин Фузайлов бо истифода аз усул ва методҳои гуногуни ба мавзу хос кушиш намуд ба ҷавонон оид ба ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва имтиёзҳояшон маълумотҳо диҳад.  Яке аз он усулҳо ин кор бо гуруҳҳои хурд буд, ки дар он бояд ҷавонон ба се гуруҳ муттаҳид шуда, ҳар сеи гуруҳҳо оид ба мавзуҳои алоҳида: “Ҳуқуқҳои ҷавонон”, “Уҳдадориҳои ҷавонон” ва “Имтиёзҳои ҷавонон” баромад кунанд.

 

 

 

 

Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки “Ҷавонони ташаббускор” дар тренинг фаъолона ширкат варзида кушиш намуданд ба мавзуҳои дода шуда баромад, саволу ҷавоб ва пешниҳодҳои хубе карданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here