Талошҳо барои дарёфти Ҷоми “Ҷавонони ташаббускор”

0
362

Имруз, яъне санаи 20-уми феврал байни гуруҳи “Ҷавонони ташаббускор”-и назди Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд, бозии дустонаи “Тенниси руи миз” доир гардид.

 

Дар бозӣ ҷавонон ба ду даста: “Ҳомиёни ҳуқуқ” ва “Ҳуқуқшиносони ҷавон”   муттаҳид шуда, байни ҳам барои дарёфти Ҷоми “Ҷавонони ташаббускор” қуваозмоӣ намуданд.

Дар натиҷа дастаи “Ҳуқуқшиносони ҷавон” бо ҳисоби умумии 10 бар 6 ғолиб гардид.

Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси корманди ФТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”- Назарҷон Мӯминов дар “Маркази рушди ҷавонон”-и назди ФТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд доир гардид.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here