Санаи 24-уми феврал дар “Маркази рушди ҷавонон”-и назди Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд семинар-тренинги якруза оид ба “Истифодаи самараноки вақт” гузаронида шуд. Дар семинар-тренинги мазкур Далер Қосимов яке аз тренерони соҳибтаҷриба тренерӣ намуда, оид ба нозукиҳои мавзуи вобаста ба вақт, истироҳат, кор, нақшаи корӣ ва ғайра ба ҷавонон дар муддати як рӯз фаҳмонид. Ҳамчунин дар таҷриба низ оиди мавзуҳои марбут ба вақт  диққати ҳозиринро ҷалб намуда якчанд корҳои гуруҳӣ ва бозиҳо гузаронд.

Боиси зикр аст, ки тренинги мазкур хеле хубу фоидаовар гузашт ва ҷавонон тавонистанд дар як рузи пурра чӣ тавр вақташонро истифода бурданро омузанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here