Бо ташаббуси яке аз волонтерони фаъоли “Ҷавонони ташаббускор” Мирзоев Эмомалӣ дар “Маркази рушди ҷавонон”-и назди ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” English Discussion Club (Клуби муҳокима бо забони англисӣ) ташкил карда шуд. Мақсад аз таъсиси English Discussion Club:

  • Фароҳам овардани фазои суҳбат бо забони англисӣ;
  • Бедор кардани ҳаваси волонтёрон барои омӯхтани ин забон;
  • Аз байн бурдани шубҳаву шарм ҳангоми суҳбат кардан бо забони англисӣ;
  • Ғанӣ гардонидани фонди луғавӣ мебошад.

Эмомалӣ Мирзоев аз соли 2018 ин ҷониб волонтёри “Ҷавонони ташаббускор”-и Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” буда, дар курси 4-ум дар Донишкадаи Идоракунии Давлатии назди Президенти ҶТ, факултаи муносибатҳои байналмилалӣ таҳсил мекунад. Ӯ дар Донишкада дар назди Ҷамъияти илмии донишҷӯён маҳфили English Club-ро таъсис додааст. Инчунин, дар ҶДММ “Маркази омӯзишии Леваканд” ба ҳайси муаллими забони англисӣ фаъолият мебарад. Соҳиби сертификати IELTS Academic (Низоми байналмилалии санҷиши забони англисӣ) бо холи умумии 7.5 / 9 мебошад. Айни ҳол бошад, ҳамоҳангсоз (координатор)-и English Discussion Club дар “Маркази рушди ҷавонон”-и назди ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” мебошад.

Ҷавонони бисёре ҳастанд, ки хоҳиши дар амалия истифода кардани дониши забонро доранд, аммо на ҳама вақт онҳо фурсат, ҷой ё ҳамсуҳбатеро ёфта метавонанд, ки ин корро анҷом диҳанд. Баргузории ҷамъомадҳои ҳарҳафтаинаи English Discussion Club маҳз фароҳам овардани ҳамон фазо мебошад. Дар давоми ҷамъомадҳо иштирокчиён оиди мавзӯъҳои гуногуни ҷолиб мулоҳизаронӣ намуда дар баробари ин фонди луғавӣ, қоидаҳои грамматикӣ ва умуман маҳорати бо тарзи шифоҳӣ баён кардани фикрро (English fluency) сайқал медиҳанд.

Бояд қайд кард, ки English Discussion Club ҳар ҳафта рӯзи шанбе баргузор мегардад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here